Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Узбекистонро барои кумак ба сарояндаҳо танқид карданд


Ҳунармандони Узбекистон
Ҳунармандони Узбекистон

Ҳукумати Узбекистон 7 ноябр лоиҳаи қарореро ба баррасии умум пешниҳод кард, ки пардохти кумакпулӣ ба намояндагони соҳаи фарҳанг ва санъат, аз ҷумла ҷавонони эҷодкорро ҳангоми хариди манзил ё сохтмони хона пешбинӣ мекунад.

Тибқи лоиҳа, ба намояндагони бахши фарҳангу ҳунари Узбекистон ҳангоми харидани хона тариқи ипотека 50 дарсади арзиши маблағ аз ҳисоби даромадҳои иловагии буҷаи давлат кумак карда хоҳад шуд.

Ҳаҷми ин кумаки молӣ барои сокинони Қарақалпоқистон то 192,5 миллион сӯм ва барои сокинони шаҳру вилояти Тошканд то 245 миллион сӯм муайян шудааст.

Ин лоиҳа, ки дар сомонаи санадҳои меъёриву ҳуқуқии Узбекистон нашр шудааст, баҳсҳоеро дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст. Корбарон гуфтаанд, ҳукумат ба ҷои кумак ба намояндагони илму маориф, ки шароити "он қадар хуб надоранд", мехоҳад, ба сарояндаҳои "доро" ёрӣ расонад.

XS
SM
MD
LG