Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири ИМА шарҳ дод, ки чаро ба 13 созмон дар Тоҷикистон кумак кардаанд. ВИДЕО


Мануэл Микаллер, сафири ИМА
Мануэл Микаллер, сафири ИМА

Амрико ба 13 созмони ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон барои мубориза бо ифротгароиву терроризм, пешгирӣ аз хушунату зӯроварӣ дар хонавода ва омӯзиши хабаррасонӣ ба рӯзноманигорони ҷавон кумаки молӣ кардааст.

Дар ин бора рӯзи 8-уми ноябр Комиссияи рушди демократияи ИМА хабар додааст.

Мануэл Микаллер, сафири ИМА дар Тоҷикистон рӯзи 8-уми ноябр дар маросиме гуфт, кумак ба ҳадафи рушди демократия равона шудааст.

“Аз соли 2000-ум инҷониб барномаи Комиссияи рушди демократияи ИМА дар Тоҷикистон беш аз 475 грант ба маблағи ҳашт миллион доллар ҷудо кардааст. Ҳамасола тавассути ин грантҳо садҳо нафар таълиму ёрии мустақим мегиранд,”—гуфт ӯ.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Сафири ИМА шарҳ дод, ки чаро ба 13 созмон дар Тоҷикистон кумак кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00

Мануэл Микаллер афзуд, бар асоси ин тарҳҳо ба занон дар омӯхтани малакаҳои нави корӣ, ба блогерҳо барои рӯзноманигори касбӣ шудан ва ба ҷомеаҳо барои мубориза бо ақидаҳои ифротгароӣ ва хушунат кӯмак мекунанд.

Ташкилоти ҷамъиятии “Насли нави Тоҷикистон” беш аз 24 ҳазор доллари амрикоиро барои лоиҳаи тақвияти “иқтидори блогнависони мустақил ва рӯзноманигорони ҳаваскор” дарёфт кардааст.

“Медиа-алянси Тоҷикистон”, созмони рӯзноманигорӣ бошад, тақрибан 45 ҳазор доллари амрикоӣ грантро барои тарҳи “Рушди донишу малакаи рӯзноманигорон ва блогерони ҷавон дар инъикоси бехавфи мавзуҳои ҳассос дар тамоми қаламрави кишвар” гирифтааст.

Ҳамин тавр созмони ҷамъиятии “Равобит” аз вилояти Суғд 24 ҳазор доллари амрикоиро барои иҷрои барномаи “Беҳтар намудани сифати журналистика дар шаҳру деҳоти дурдасти вилоят тавассути тренингҳо барои занони рӯзноманигор ва рӯзноманигорони шаҳрвандӣ оид ба малакаҳои марбут ба шабакаҳои иҷтимоӣ, эҷоди мундариҷаи визуалӣ ва таблиғи маводи онҳо” дарёфт кард.

Таваҷҷуҳи Комиссияи рушди демократияи ИМА ба омӯзиши блогерҳо ва хабарнигорони расонаҳои расмӣ дар ҳолест, ки дар як соли ахир дар Тоҷикистон ҳашт блогеру хабарнигорон боздошт ва бо иттиҳоми мухталиф ба муҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд.

Дар маросими ихтисоси грантҳои Комиссияи рушди демократияи Амрико дар Тоҷикистон дар бораи сарнавишти блогерону хабарнигорони зиндонии тоҷик ҳарфе гуфта нашуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG