Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти сармуҳаррири пешини барноми "Ахбор"-и ТВ-и Тоҷикистон


Аслам Додихудоев, сармуҳаррири пешини барномаи "Ахбор"-и Тоҷикистон ва собиқ сардори Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, рӯзи 13-уми ноябр дар синни 77-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.

Наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ чанд муддат аз бемории дил ранҷ мебурд. Маросими ҷанозаи ӯ фардо, 14 ноябр дар масҷиди "Яккачинор"-и пойтахт доир мешавад.

Аслам Додихудоев, ки дар маҳофили журналисти бо номи "Раҳматшоҳ" ҳам шинохта мешуд, зиёда аз 50 сол дар соҳаи журналистика кор кардааст.

Ӯ хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд ва солҳо дар рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" ва Кумитаи телевизиону радиои ҷумҳурӣ кор кард.

Ӯ муддате хабарнигори телевизиони "Мир" буд ва дар мақоми сардори Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ҳам ифои вазифа намуд. Аъзои Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд.

XS
SM
MD
LG