Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқот: Қурмонбек Боқиев шиносномаҳои белорусӣ дорад


Қурмонбек Боқиев, президенти пешини Қирғизистон.
Қурмонбек Боқиев, президенти пешини Қирғизистон.

"Эътилофи таҳқиқгарони Белорус" рӯзи 10 ноябр таҳқиқоти нави журналистиро бо номи "Чӣ гуна Лукашенко шиносномаҳои Белорусро мефурӯшад: Боқиев ду шиноснома дорад" нашр кард.

Муаллифон мегӯянд, Қурмонбек Боқиев, президенти пешини Қирғизистон бо кӯмаки Александр Лукашенко на танҳо шаҳрвандии Белорус, балки ду шиносномаи белорусӣ ҳам соҳиб шудааст: яке бо номи худ ва дигарӣ бо ному насаби Закир Салиев. Дар таҳқиқот гуфта мешавад, ки аъзои хонаводаи Боқиев низ шиносномаҳои белорусӣ дарёфт кардаанд. Ба иттилои таҳқиқгарон, дар маҷмуъ 20 тан аз аъзои хонаводаи Боқиев ба Белорус кӯчидааст.

Гирифтани ному насабҳои иловагӣ, ба гуфтаи рӯзноманигорон, ба хотири он будааст, ки Белорус онҳоро таслими "Интерпол" насозад. Ба ин тартиб, Қурмонбек Боқиев ҳанӯз дар соли 2010 шиносномаи дувумашро бо ному насаби Закир Салиев дарёфт кардааст. Писари вай Марат Боқиев, ки муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон буд, бо ному насаби Марат Петров шиноснома гирифтааст.

Рӯзи 7 апрели соли 2010 дар Қирғизистон бетартибиҳои оммавӣ рух доданд. Ҳамон рӯз дар гирдиҳамоии мухолифон дар назди "Кохи сафед"-и Қирғизистон дар шаҳри Бишкек 87 кас кушта, бештар аз 100 тани дигар ҷароҳат бардошт. Дар натиҷаи ҳодисаҳои апрелӣ Қурмонбек Боқиев, ки соли 2005 сари қудрат омада буд, маҷбур шуд аз Қирғизистон фирор кунад.

Дар Қирғизистон бо қарори додгоҳ Қурмонбек Боқиев ва писараш Марат Боқиев ғоибона 30-солӣ зиндонӣ шудаанд. Дигар хешовандони Боқиев низ ба солҳои тӯлонии зиндон ғоибона маҳкум шудаанд.

XS
SM
MD
LG