Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Талафоти ҷонӣ нест." Заминларза дар Тоҷикистон


Заминларзае рӯзи 11-уми ноябр қаламрави Тоҷикистонро такон дод.

Идораи зилзиланигории ҷумҳурӣ гуфт, ки ҳодисаро соати 06:24 сабт кард.

Марказаш 31-километрии ҷанубу шарқи Душанбе, дар наздикии шаҳри Норак, будааст.

Манобеи расмии Тоҷикистон шиддати заминларзаро аз 2 то 4 дараҷа мегӯянд. Маркази зилзилашиносии Узбекистон онро 4,3 дараҷаи Рихтер баршумурдааст.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯйи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, рӯзи 11-уми ноябр дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки “хисорот ва талафоти ҷонӣ нест”.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст.

Ҳамасола дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад.

Бар асари заминларзаи моҳи марти имсол 2200 кас дар Тоҷикистон зарар дид.

XS
SM
MD
LG