Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

75 км. Тоҷикистону Қирғизистон дар як моҳ чиро ва дар куҷо муайян карданд? ВИДЕО


Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, 16-уми октябр, шаҳри Бӯстони вилояти Суғд
Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, 16-уми октябр, шаҳри Бӯстони вилояти Суғд

Гурӯҳҳои топографӣ ё маконнигории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар як моҳи охир дар умум бар сари таъйини 75 километри дигари сарҳад розӣ шудаанд.

Ин созишҳо

  • 3-8-уми октябр (43,33 километр);
  • 12-18-уми октябр (13,98 километр);
  • 1-8-уми ноябр (17,98 километр)

ба даст омаданд.

Мулоқоти охири гурӯҳҳои маконнигории ду кишвар дар аввали моҳи ноябри имсол дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд гузашт. Назирбек Борубоев, намояндаи Девони вазирони Қирғизистон дар мавриди таъйину нишонагузории марз гуфт, “дар ин нишаст беш аз ҳабдаҳ километр хати марз дар ҳудуди ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд мувофиқа шуд.”

Назирбек Борубоев
Назирбек Борубоев

Ӯ дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ афзуд, ҷузъиёти мувофиқаҳо феълан пурра нашр намешаванд, вале мулоқоти баъдӣ қарор аст дар Боканд баргузор шавад. Мансабдорони Тоҷикистон қариб ҳамеша аз шарҳи ин масъалаҳо худдорӣ кардаанд. Ба ҷуз аз нашри хабар дар бораи мулоқоти ҳайатҳо.

Ҷониби Қирғизистон вақтҳои охир батакрор мегӯяд, ки то охири имсол таъйини нуқтаҳои баҳсии сарҳадро бо Тоҷикистон ба анҷом хоҳад расонд. Душанбе дар ин замина сукут меварзад.

Мақомоти ҳарду тараф моҳи октябри имсол гуфтанд, ки протоколи рақами 44-ро имзо карданд ва "он роҳе барои ҳалли мушкили сарҳадӣ аст”. Дар айни замон набудани иттилои фарогир дар бораи ҷараёни гуфтугӯҳову музокираҳои байни ду кишвар, аз ҷумла, шарту шароити созишҳои нав, боис ба сарусадоҳое мешаванд, ки гуё ҳукуматҳои ду ҷониб ба табодули қаламравҳо розӣ шудаанд.

Аз Хоҷаи Аъло то Куктош. Нақли сокинон

Чанде аз сокинон ва масъулони ҷамоатҳо дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон рӯзи 9-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳайатҳо мақоми қитъаҳои марзиро бо ранги сурх ишора мекунанд.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ду соли гузашта шоҳиди даргириҳои хунин буд
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ду соли гузашта шоҳиди даргириҳои хунин буд

“Ду ҳафта пеш ҳайатҳои Идораи замин ва геодезии ду кишвар омаданду хати сарҳадеро, ки дар қитъаҳои баҳсӣ мегузарад, бо аломатҳои сурх нишонагузорӣ карданд,” – гуфтанд мусоҳибони мо дар Ворух ва Хоҷаи Аълои Исфара. Онҳо барои пеш наомадани мушкил розӣ нашуданд, ки номашонро нависем. Кӯшишҳои мо барои гирифтани шарҳи расмӣ то ин дам бенатиҷа буд.

Ҳамчунин, ба иттилои ҳамсуҳбатони мо, “ҳудуди деҳаи Куктош дар Қирғизистон ва ҷамоати Овчӣ-Қалъача дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон муайян шудааст.”

“Ҳайатҳои ду тараф дар Исфара ҳудуди деҳаи Сомониёни Тоҷикистонро то Самарқандаки Қирғизистон муайян кардаанд,” – афзуданд онҳо.

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, ин нишон медиҳад, ки тарафҳо дар ҳақиқат ба муайян кардани хати марз дар минтақаҳои бисёр душвор машғуланд, дар ҷое ки хонаҳои тоҷикон ва қирғизҳо мисли тахтаи шатранҷ дарун ба даруни ҳамдигар ҷойгир мебошанд. Аммо, ба гуфтаи сокинон, ҳоло хате аломатгузорӣ шудааст, ки наметавон гуфт, хати нави сарҳад аст.

Дар ҳоле ки мақомот ҳеч шарҳе намедиҳанд, як сокини Хоҷаи Аълои Исфара гуфт, аз хати марз дар Тангии Ворух ва роҳ ба сӯйи ҷамоати ҳамноми он розӣ нест ва фикр мекунад, ин хат метавонад, Ворухро ба ҷазирақаламрав табдил диҳад.

Мақомот дар Тоҷикистон роҳи Ворухро қаламрави худ мешуморанд ва ба анклав тасвир шудани Ворух дар харитаҳо розӣ нестанд, аммо тарафи Қирғизистон Ворухро ҷазирақаламрав медонад ва талаб мекунад, ки ҳудуди он васеъ нашавад.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр сарҳад дорад ва то ин дам зиёда аз 600 километри он муайян шудааст. Номуайян мондани бахшҳое аз сарҳад ҳар чанд вақт сабаби задухӯрди мардуму низомиён мешавад.

Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ду соли гузашта шоҳиди муноқишаи хунин ва пурқурбонӣ буд. Даъво бар сари дастрасӣ ба замину чарогоҳҳо, роҳу обу манобеи дигар аст.

Бо вуҷуди идомаи равобити кории миёни ду кишвар, муносибатҳои сиёсии байни ду ҳамсояи наздик ҳанӯз пурра барқарор нашудааст. Марзи Қирғизистон ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон баста мемонад ва додугирифтҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар ҳам бисёр ночиз аст.

Видеоро дар инҷо бинед:

Тоҷикистону Қирғизистон боз як бахши марзи муштаракро муайян кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:03 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG