Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Қирғизистон қарорашро дар бораи шикояти "Вечерка" аз болои "Кактус Медиа" тағйир дод


Додгоҳи олии Қирғизистон қисман қарорашро дар бораи шикояти "Вечерний Бишкек" аз болои расонаи "Kaktus.media" тағйир дод.

Ба ин тартиб, додгоҳ қарор кардааст, ки хабарнигори "Kaktus.media" на 500 ҳазор сом, балки 100 ҳазор сом (бештар аз 1100 доллари ИМА) ҷарима пардозад. Ҷаримаи "Kaktus.media" бидуни тағйир боқӣ мондааст. Расона ба пардохти 500 ҳазор сом вазифадор шудааст.

Моҳи феврали соли ҷорӣ расонаи "Вечерний Бишкек" "Kaktus.media"-ро ба додгоҳ кашид. Баҳси ин ду расона баъди он сар зад, ки "Kaktus.media" навишт, "Вечерний Бишкек" баста ва кормандонаш сабукдӯш шудаанд.

Додгоҳи зинаи поёни шикояти "Вечерний Бишкек"-ро қонеъ ва хабарнигори "Kaktus.media" Дили Юсуповаро ба пардохти 500 ҳазор сом ва "Kaktus.media"-ро низ ба пардохти 500 ҷуброн вазифадор карда буд.

"Kaktus.media" дар навбати худ мегӯяд, маводи нашркардааш дуруст буд, зеро нашрияи "Вечерний Бишкек" то кунун аз чоп намебарояд ва қарздории ин нашрия бо санадҳо исбот шудааст.

XS
SM
MD
LG