Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ясмин ал-Нимр нишони тиллои қаҳрамонии бадансозии ҷаҳонро бурд


Ясмин ал-Нимр ва мураббиаш Олим Парпиев
Ясмин ал-Нимр ва мураббиаш Олим Парпиев

Ясмин ал-Нимр, варзишгар аз Тоҷикистон дар 14-умин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи бодибилдинг ё бадансозӣ (WBPF), ки дар Кореяи Ҷанубӣ доир гардид, дар рақобатҳои инфиродӣ миёни занон дар вазни то 75 кило медали тилло гирифт.

Ин дувумин пирӯзии Ясмин дар мусобиқоти қаҳрамонии бадансозии ҷаҳон мебошад. Вай соли гузашта низ дар Тайланд медали тилло ба даст оварда буд.

Инчунин порсол Ясмин дар мусобиқоти қаҳрамонии бодибилдинги Осиё дар ҷазираҳои Молдив ба гирифтани ду медал - тилло ва нуқра - даст ёфта буд.

Дар як мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ соли гузашта мураббиаш Олим Парпиев гуфт, Ясмин аз соли 2015 ба варзиш шуғл меварзад. Парвиев мегӯяд, "Ясмин аввал ба пауэрлифтинг ё вазнабардорӣ машғул буд. Замоне, ки вай аз пауэрлифтинг ба бодибилдинг рӯй овард, 84 кило вазн дошт ва дар давоми тамринҳояш тавонист дар як муддати кӯтоҳ 30 кило вазнашро партояд. Жасмин ба ғизо ва тамрин хеле аҳамият медиҳад, ки ин калиди комёбиҳои ӯст", - мегӯяд мураббӣ.

Ясмин ал-Нимр ҳоло дар мусобиқаҳои пауэрлифтинг ширкат намеварзад. Ҳарчанд ӯ дар ин ришта борҳо ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шудааст, ӯ таваҷҷуҳашро ба бодибилдинг равона кардааст.

Ясмин, ки ҳамроҳи волидайнаш (падараш араб ва модараш - тоҷик) дар шаҳри Маскав зиндагӣ мекард, пас аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дохил шуд. Ҳоло ӯ дар Душанбе ба сар мебарад.

Ясмин ал-Нимр мегӯяд, дар хонавода машғулияти ӯро падару бародаронаш хуш қабул карданд ва танҳо шахсе, ки то охир муқобили шуғли вай садо баланд мекунад, модараш аст.

Зимнан, ҷомеаи Тоҷикистон, ки беш аз 90 дар сади аҳолиаш мусалмонанд, дар солҳои ахир таҳаввулоти зиддунақизи иҷтимоиро пушти сар мекунад. Баъди пошхӯрии низоми шӯравии собиқ дар Тоҷикистон ақидаҳои мазҳабӣ боло гирифт ва ба сару либосу эътиқоди бисёр занон таъсиргузор шуд.

Дар чунин шароит қишри дунявии ҷомеа, мисли духтарони бодибилдер ва вазнабардор ба сахтӣ талош мекунанд, ки орзуву ҳавасҳои худро бароварда созанд.

Олим Парпиев гуфта буд, “агар чунин занҳои варзишгар хоҳанд, албатта, метавонанд дар саҳнаҳо ҳунарнамоӣ кунанд. Аммо дар Тоҷикистон не. Чунки мардуми мо ва менталитети мо ба ин гуна саҳнаҳо омода нест. Ман дар бисёре аз кишварҳои хориҷӣ будам ва медонам, ки дар онҷо ҳунарнамоӣ кардани зан бо бикини (либоси шиноварӣ) чизи оддӣ аст. Аммо на дар Тоҷикистон. Чунки бо либоси вижаи шиноварӣ дар саҳна пайдо шудани варзишгари мард ҳам танқид мешавад.”

Федератсияи бодибилдинг ва пауэрлифтинги Тоҷикистон соли 2003 бо ибтикори вазнабардори маъруфи тоҷик, собиқ қаҳрамони ҷаҳон ва Осиё Толеъ Холназаров таъсис ёфтааст, ки ӯ вазифаи раиси ин ташкилотро ба зимма дорад..

Оқои Холназаров рӯзи 10-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «барои рушди бодибилдинг ва пауэрлифтинг дар кишвар корҳои зиёде анҷом дода мешавад. Бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, инчунин кӯмаки молии сарпарастон варзишгарони мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, натиҷаҳои хуб ба даст меоранд. Вазифаи асосии мо дар ҳамин ҳол ҷалби бештари сарпарастон барои дастгирии варзишгароне мебошад, ки дар арсаи ҷаҳон Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд».

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG