Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти нуҳ пайрави дини баҳоӣ дар Эрон 


Навиштаи зидди дини баҳоӣ дар яке аз деворҳо дар Эрон
Навиштаи зидди дини баҳоӣ дар яке аз деворҳо дар Эрон

Мақомоти Эрон дастикам нуҳ пайрави оини баҳоиро боздошт кардаанд. Дар ин бора Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ бо такя ба манобеаш хабар додааст. Ба қавли манбаъ, дар рӯзҳои ахир мақомоти эронӣ манзили 20 пайрави дини баҳоиро дар ғарби ин кишвар, дар Ҳамадон кофтукоб кардаанд. 

Шоҳидони айнӣ гуфтаанд, низомиён дар ҷараёни кофтукоби хонаҳо аз хушунат кор гирифта, таҷҳизоти электронӣ, китобҳои динӣ ва аксҳои пайравони дини баҳоиро мусодира кардаанд. Дар чанд ҳолат маблағи пайравони ин оин низ мусодира шудааст.

Ба қавли манобеи Радиои Фардо, сабаби боздошти пайравони дини баҳоӣ маълум нест ва ҳамчунин рӯшан нест, ки онҳоро дар куҷо нигоҳ медоранд. Мақомоти Эрон вазъиятро шарҳ намедиҳанд.

Дар оғози моҳи ноябр Ҷамъияти байнулмилалии Баҳоиён аз мавҷи нави таъқиби пайравони ин дин дар Эрон, бахусус дар шаҳрҳои Исфаҳон ва Язд гузориш дод. Ба хабари ин ҷамъият, 26 пайрави дини баҳоӣ аз ҷумла 16 зан барои таблиғи ин оин дар маҷмуъ ба 126 соли зиндон маҳкум шуданд.

Пайравони дини баҳоӣ солҳост аз таъқибу озор ва боздоштҳои саросарӣ дар Ҷумҳурии исломии Эрон шикоят мекунанд. Пайравони ин дин дар Эрон ҳудуди 300 ҳазор нафар тахмин зада мешавад. Баҳоиён бузургтарин ҷамъияти ғайриисломӣ дар Эрон гуфта мешаванд.

Дини баҳоӣ дар қарни 19 дар Эрон аз сӯи Мирзо Ҳусейн Алии Нурӣ бо тахаллуси Баҳоуллоҳ арзи вуҷуд кард ва ҳоло беш аз 5 миллион пайрав дорад. Ҷамоаҳои баҳоиён дар 188 кишвар ва 45 қаламрав дар Ховари Миёна, Аврупо, Африқо, Амрикои шимоливу ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ, Осиёи ҷанубу шарқӣ ва Русия таъсис шудаанд. Маркази ҷаҳонии баҳоиҳо дар шаҳри Хайфаи Исроил мустақар аст.

XS
SM
MD
LG