Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Равшан" бохт ва имкони мубориза барои Ҷоми Осиёро аз даст дод


Дастаи «Равшан»-и Тоҷикистон, ки дар даври чаҳоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар меҳмонӣ аз тими «Абдиш-Ота»-и Қирғизистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи баъдии мусобиқот маҳрум шуд.

Бозӣ миёни футболбозони тоҷику қирғиз дар Минтақаи марказӣ дар гурӯҳи «Е» шоми панҷшанбеи 9-уми ноябр дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек доир гардид.

Голи ягонаро дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 49-ум, Айзар Акматов зад. Вай тӯби ирсолкардаи ҳамдастааш Агай Ҷумашевро аз мобайни ҷаримагоҳ бо зарбаи сар вориди дарвозаи меҳмонон кард.

Ёдовар мешавем, дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар даври севуми мусобиқот, ки 26-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир шуд, аз бошгоҳи «Абдиш-Ота»-и Кант бо ҳамин ҳисоб (0:1) шикаст хӯрда буд.

Тӯбро дар ибтидои нимаи дувуми дидор легионери африқоии “Абдиш-Ота” аз Гана Эммануэл Яғр бо зарбаи сар ба дарвозаи “Равшан” ворид кард.

Шаш имтиёзи дар ду бозӣ муқобили “Равшан” бадастовардаи “Абдиш-Ота” сармурабии даста Ислом Аҳмадовро хурсанд намуд.

Аммо Тоҳирҷон Муъминов, сармураббии «Равшан», аз бохти дастааш дар ҳарду бозӣ бо “Абдиш-Ота” изҳори нигаронӣ кард, зеро ноиби қаҳрамони Тоҷикистон аз ҳаққи ширкат дар даври баъдии мусобиқот маҳрум гашт.

Бозии дигари даври чаҳорум дар гурӯҳи «Е» миёни ду дастаи Туркманистон - «Алтин-Асир» ва «Марв», шоми 9-уми ноябр дар шаҳри Ашхобод баргузор шуд.

Дар бозии ҷавобӣ низ “Алтин Асир” ғолиб омад. Голи ягонаро Ораз Оразов дар дақиқаи 34-ум ба самар расонид.

“Равшан” аввалин бозиашро бо «Марв» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳисоби 0:0 ва бозии дувумашро дар меҳмонӣ бо «Алтин Асир» бо ҳисоби 1:1 ба поён расонда буд.

Ба ин тартиб, ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Абдиш-Ота” бо 10 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шудааст. “Алтин Асир” бо 7 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. “Марв” ва “Равшан” бо дуимтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои севуму чаҳорум қарор доранд.

Бар асоси дастури мусобиқот аз гурӯҳи “Е” танҳо як даста ба даври баъдӣ роҳ меёбад.

Барои роҳхати ягона дастаҳои “Абдиш- Ота” ва “Алтин Асир” талош доранд. Вале тимҳои “Марв” ва “Равшан” имкони ба даври баъдӣ роҳ ёфтанро комилан аз даст доданд.

Бозиҳои даври панҷуми мусобиқот дар гурӯҳи “Е” рӯзи панҷшанбеи 30-юми ноябр миёни дастаҳои «Марв» - «Равшан» ва «Алтин Асир» - «Абдиш-Ота» баргузор мешаванд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «Е»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Абдиш-Ота» (Қирғизистон)

4

3

1

0

6-1

10

2.

«Алтин Асир» (Туркманистон)

4

2

1

1

4-5

7

2.

«Марв» (Туркманистон)

4

0

2

2

2-4

2

4

«Равшан» (Тоҷикистон)

4

0

2

2

1-3

2

Даври 5-ум

30-юми ноябр (панҷшанбе)

17:00 «Марв» (Туркманистон) - «Равшан» (Тоҷикистон)

21:00 «Алтин Асир» (Туркманистон) – «Абдиш-Ота» (Қирғизистон)

Даври 6-ум

14-уми декабр (панҷшанбе)

19:00 «Равшан» (Тоҷикистон) - «Алтин Асир» (Туркманистон)

19:00 «Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – «Марв» (Туркманистон)

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст.

XS
SM
MD
LG