Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд сафар кард


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи 9-уми ноябр барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ), ба Узбекистон сафар кард.

Ба иттилои Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёвари президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи давлатӣ ва дигар афроди расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Нишасти 16-уми Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) рӯзҳои 8-9 ноябр дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад.

Қарор аст, ки дар ин ҳамоиш сарони Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Туркия иштирок кунанд.

Иштирокдорони нишаст масоили ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту иртиботот ва башардӯстонаро баррасӣ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG