Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" бозиро бо қаҳрамони Эрон мусовӣ кард


Tajikistan, Dushanbe city, Tajik football club "Istiqlol"
Tajikistan, Dushanbe city, Tajik football club "Istiqlol"

Дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон бозии даври чаҳоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар гурӯҳи “Е”-ро бо тими «Персеполис» («Перспулис»)-и Эрон бо ҳисоби баробари 1:1 анҷом дод.

Бозӣ миёни қаҳрамонҳои футболи Тоҷикистон ва Эрон шоми сешанбеи 7-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид.

Дар нимаи аввали дидор тӯб бештар дар ихтиёри футболбозони “Персеполис” буд. Дар дақиқаи 30-юм ба меҳмонон муяссар шуд, ки муваффақ шаванд. Зарбаи ҷаримавиро аз масофаи тахминан 18 метр бозигари эрониҳо Маҳдӣ Туробӣ зад ва тӯб рост ба тӯри дарвозаи “Истиқлол” ворид шуд.

Дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 74-ум, легионери африқоии “Истиқлол” Сенин Себай тӯби ба ӯ ирсолкардаи ҳамдастааш Ҳамадонӣ Камоловро аз ҷаримагоҳ, аз масофаи наздик ба ҳадаф расонд ва ҳисобро баробар кард.

Бозигарони ҳарду даста лаҳзаҳои бисёри голзанӣ доштанд, аммо Алиризо Бейронванд, сарвон ё капитани дастаи “Персеполис” ва Рустам Ятимов, аз тими “Истиқлол”, бо маҳорати баланди худ чандин бор дарвозаашонро аз гол эмин доштанд.

Ҳамин тариқ, “Персеполис” бо раҳбарии сармураббӣ Яҳё Гулмуҳаммадӣ дар меҳмонӣ муқобили “Истиқлол” тавонист, ки як имтиёз бигирад.

Бояд гуфт, ки дар ҳайати “Персеполис” легионер Ваҳдат Ҳанонов, ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон, хуб ҳунарнамоӣ кард.

Дастаи “Истиқлол” бошад, таҳти раҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко ҳарчанд дар нимаи дувуми бозӣ барои ғалаба талош кард, вале аз ду имтиёз бенасиб монд.

Довари FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) Муҳаммад Ал-Алӣ аз Кувайт сардовари бозии “Истиқлол” – “Персеполис” буд.

«Истиқлол»-и Душанбе дар даври севуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 дар гурӯҳи “Е” аз тими «Персеполис»-и Теҳрон бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрда буд.

Дар ин бозӣ, ки 24-уми октябр дар варзишгоҳи Озодии Теҳрон сурат гирифт, ҳарду голро ҳамлагар Саид Содиқӣ дар дақиқаҳои 44-ум ва 71-ум ба самар расонид.

Бозии дигари даври чаҳоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 дар гурӯҳи “Е” 7-уми ноябр дар шаҳри Доҳа байни дастаҳои «Ал-Дуҳайл»-и Қатар ва «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ соати 23:00 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо касби 9 имтиёз аз се бозӣ дар мақоми аввал аст. “Персеполис” бо касби 7 имтиёз аз чаҳор бозӣ дар зинаи дувум қарор дорад.

“Истиқлол” бо касби 2 имтиёз аз чаҳор бозӣ дар зинаи севум аст. “Ал-Дуҳайл”-и Қатар бо касби як имтиёз аз се бозӣ дар зинаи чаҳорум мебошад.

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастаи нишондодҳояшон хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо дар ҳар як минтақа, дар маҷмуъ 16 даста, ба 1/8 финал роҳ пайдо мекунанд.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «Е»

Даври 1-ум

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Дуҳайл» (Қатар) – 0:0

19-уми сентябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

«Персеполис» (Эрон) – «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 0:2

Голҳо: Даниал Исмоилифар, 62 – ба дарвозаи худ (0:1). Муҳаммад Қосим Ал-Нахлӣ, 72 (0:2).

19-уми сентябр. Теҳрон, Варзишгоҳи Озодӣ.

Даври 2-юм

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 3:1

Голҳо: Сенин Себай, 44 (0:1), Криштиану Роналду, 66 (1:1), Андерсон Талиска, 72 (2:1), Андерсон Талиска, 77 (3:1).

2-юми октябр. Риёз, варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк».

«Ал-Дуҳайл» (Қатар) – «Персеполис» (Эрон) – 0:1

Гол: Умед Алишоҳ, 63 (0:1).

2-юми октябр. Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифа.

Даври 3-юм

«Персеполис» (Эрон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 2:0

Голҳо: Саид Содиқӣ, 44 (1:0), Саид Содиқӣ, 71 (2:0).

24-уми октябр. Теҳрон, варзишгоҳи Озодӣ.

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) - «Ал-Дуҳайл» (Қатар) – 4:3

24-уми октябр. Риёз, варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк».

Даври 4-ум

«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Персеполис» (Эрон) – 1:1

Голҳо: Маҳдӣ Туробӣ, 30 (0:1), Сенин Себай, 74 (1:1)

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Содиқҷон Қурбонов, Иван Новоселетс, Артур Карташян, Табрез Исломов, Ромиш Ҷалилов, Денис Беганович, Эхсони Панҷшанбе, Алишер Ҷалилов, (сарвони даста), Ҳамадонӣ Камолов (Шаҳром Сулаймонов, 82), Сенин Себай (Шервонӣ Мабатшоев, 86).

Бозии «Ал-Дуҳайл» (Қатар) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) 7-уми ноябр соати 23:00 ба вақти Душанбе дар варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифаи шаҳри Доҳа шуруъ хоҳад шуд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «Е»:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

3

3

0

0

9-4

9

2

«Персеполис» (Эрон)

4

2

1

1

4-3

7

3

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

4

0

2

2

2-6

2

4

«Ал-Дуҳайл» (Қатар)

3

0

1

2

3-5

1

Даври 5-ум

27-уми ноябр (душанбе)

21:00 (ба вақти Душанбе). «Ал-Дуҳайл» (Қатар) - «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Доҳа. Варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифа.

23:00 (ба вақти Душанбе). «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) - «Персеполис» (Эрон)

Риёз, варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк».

Даври 6-ум

5-уми декабр (сешанбе)

21:00 «Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

21:00 (ба вақти Душанбе). «Персеполис» (Эрон) - «Ал-Дуҳайл» (Қатар)

Теҳрон, варзишгоҳи Озодӣ

XS
SM
MD
LG