Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манбаъҳои Рейтерс мегӯянд, Путин дар интихоботи соли 2024 иштирок мекунад


Владимир Путин қарор кард, ки дар моҳи марти соли 2024 дар интихоботи президентии Русия иштирок кунад ва дар ин сурат, ҳузури ӯ дар қудрат то соли 2030 таъмин хоҳад шуд. Шаш манбаи мухталиф ба хабаргузории Рейтерс гуфтанд, ки қарори дар интихобот иштирок кардани Путин ба он рабт дорад, ки ӯ бовар дорад бояд Русияро дар хатарноктарин марҳилаи таърихии ин кишвар раҳбарӣ кунад.

Путин қудратро дар поёни соли 1999 аз дасти президенти собиқ Борис Елтсин ба даст овард ва баъди диктатори шӯравӣ Иосиф Сталин тӯлонитарин мӯҳлат дар қудрат боқӣ мемонад.

Леонид Брежнев, раҳбари дигари шӯравӣ 18 сол раҳбари кишвар будааст.

7 октябри соли ҷорӣ Путин 71-сола шуд. Ҳанӯз дар бораи омодагиҳои Путин ба ширкат дар интихобот Кремлин чизе нагуфтааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG