Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико 13 ширкати русӣ ва узбекистониро таҳрим кард


Мақомоти Амрико рӯзи 2 ноябр барои 12 ширкат аз Русия ва як ширкати узбекистонӣ маҳдудият ҷорӣ карданд.

Дар иттилоияи Вазорати молияи Амрико омадааст, ки ин ширкатҳо ба хариду фурӯш ва истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишин машғуланд. Онҳо дар таъмин кардани Русия бо ҳавопаймоҳои бесарнишин гумонбар ҳастанд.

Ба рӯйхати таҳримшудаҳои ИМА ширкати узбекистонии "Mvizion" шомил шудааст. Ин ширкат моҳи июни соли 2022 дар ноҳияи Чилонзори шаҳри Тошканд таъсис ёфтааст. Ҳаҷми сармояи оиномавии он 1 миллион сӯм гуфта шудааст.

Ширкат бо хариду фурӯши яклухти таҷҳизоти электронӣ ва мухобиротӣ, аз ҷумла қисмҳои эҳтиётии онҳо машғул аст. Раҳбар ва муассиси ягонаи ширкат Игор Иевлев мебошад.

XS
SM
MD
LG