Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 200 касро барои робита бо Матраимов ва Колбаев рондаанд


Раимбек Матраимов (чап) ва Қамчӣ Колбоев (рост)
Раимбек Матраимов (чап) ва Қамчӣ Колбоев (рост)

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев рӯзи 2-юми ноябр гуфт, бештар аз 200 ходими давлатиро барои робита доштан бо Раимбек Матраимов ва Қамчӣ Колбаев аз кор рондаанд.

Ба гуфтаи вай, 92 ходими давлатӣ бо муовини пешини Хадамоти гумруки Қирғизистон Раимбек Матраимов, 60 ходим барои робита доштан бо соҳибнуфузи ҷиноӣ Қамчӣ Колбоев аз мақом ронда шудаанд.

Ба илова, Тошиев гуфт, пештар 50 ходими дигари Хадамоти гумрук барои "робитаи наздик бо Колбоев ва Матраимов" аз кор ронда шудаанд.

"Ҳоло 202 ходим аз кор ронда мешавад. Дар ҳеч ноҳия, маҷлиси маҳаллӣ узви гуруҳи ҷиноӣ набояд вакил бошад, корманди мақомоти маҳаллӣ, ноҳиявӣ ва вилоятӣ ва вазоратҳо бошад. Аз ин ба баъд мафияи Колбоев, мафияи Матраимов нахоҳад буд. Раимбек Матраимов агар хоҳад ки дар Қирғизистон зиндагӣ кунад, бояд бо мошини "Матиз" равуо кунад, авлод ва дороии ғайриқонунӣ ҷамъкардаи Матраимов набояд пеши роҳи рушди кишварро бигирад", - гуфт Тошиев.

Бо ин ҳол Тошиев нагуфт, ки аъзои гуруҳи ҷиноӣ дар кадом ниҳодҳои давлатӣ кор мекарданд.

Дар бораи робита доштани Раимбек Матраимов бо Қамчӣ Колбоев пештар ҳам дар расонаҳои маҳаллии Қирғизистон ва байнулмилалӣ гуфта мешуд. Аз ҷумла бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар ин бора таҳқиқоти журналистӣ анҷом дода буд.

Қамчӣ Колбоев дар аввали моҳи октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон, дар ҷараёни амалиёти махсус, кушта шуд. КДАМ Қирғизистон гуфт, Колбоев муқобилати мусаллаҳона нишон дод ва дар натиҷа кушта шуд.

ИМА соли 2012 Қамчӣ Колбоевро ҳамчун яке аз калонтарин қочоқчиёни маводи мухаддир дар паҳнои шӯравии пешин шомили "рӯйхати сиёҳ" карда буд.

Раимбек Матраимов солҳои 2015-2017 муовини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон буд. Ному насаби вай борҳо дар таҳқиқоти рӯзноманигории марбут ба низоми фасодолуди мақомоти гумруки Қирғизистон зикр шудааст.

XS
SM
MD
LG