Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Хиёнат” ва “қочоқи силоҳ”. Ҳукми як тоҷири тоҷик дар Русия


Аксе аз завлонаҳо дар як додгоҳи Русия
Аксе аз завлонаҳо дар як додгоҳи Русия

Додгоҳи Маскав Аҳадҷон Зоҳидов, тоҷири зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми "хиёнат ба давлат" ва "кочоқи силоҳ" барои 13 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Ба навиштаи расонаҳои Русия, Аҳадҷон Зоҳидови 36-сола дар як ширкати сохтмонӣ муовини раис будааст.

Хабаргузории ТАСС аз қавли додгоҳи шаҳри Маскав навиштааст, ки Аҳадҷон Зоҳидов "ба хиёнат ба давлат ва қочоқи силоҳ" гунаҳкор эълон шудааст.

Маълум нест, ки ин тоҷири тоҷик бо кадом кирдораш ба давлати Русия хиёнат ва дар кадом шакл қасди тиҷорати силоҳ кардааст.

Назари Зоҳидов ва наздиконаш ба ҳукми додгоҳ маълум нест.

Александр Рибак, додраси парванда ба расонаҳо гуфтааст, ки Зоҳидов "дар ду маврид ба қочоқ ва дар шаш ҳолат ба қасди қочоқ иқрор шудааст."

Созмонҳои байналмилалӣ ҳукмҳои додгоҳҳои Русияро шаффоф намедонанд.

Банди қонуне, ки тибқи он Зоҳидовро ҷазо додаанд, ҷинояти "интиқоли моддаҳои заҳрогин, маводи тарканда ё дигар лавозимоти ҷангӣ"-ро дар назар дорад.

Ӯро моҳи сентябри соли 2022 боздошт кардаанд ва парвандааш махфӣ баррасӣ шудааст.

Солона даҳҳо шаҳрванд ё зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми гуногун дар Русия боздошту зиндонӣ мекунанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ аксари ҳукмҳои додгоҳҳои Русияро нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ноодилон меноманд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG