Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари "бомбгузорӣ" шудани биноҳо дар Бишкекро гуруҳи фаромиллӣ фиристодааст


Дастони бо завлона баста
Дастони бо завлона баста

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон 2 ноябр хабар дод, ки дар робита ба паҳн кардани хабари дуруғи бомбгузорӣ шудани як қатор биноҳо дар шаҳри Бишкек як нафар боздошт шудааст.

Дар иттилоияи кумита гуфта шудааст, ки шаҳрванди боздоштшудаи Қирғизистон "узви фаъоли як гурӯҳи пинҳонии фаромиллии киберӣ аст ва ба ҳайати ин гуруҳ шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил ҳастанд.

Манбаъ афзуда, ки "гурӯҳи киберӣ ба ҳакерӣ ва дуздии маълумоти шахсии корбарони интернет, фиристодани хабарҳои дуруғ машғул буда, ҳамчунин фармоишҳоро барои ирсоли паёмҳои дурӯғ дар бораи бомбгузорӣ дар ҳудуди ИДМ қабул мекардааст".

Ба пулиси шаҳри Бишкек 19 октябри соли равон хабар дода шуд, ки як қатор биноҳо, аз ҷумла бинои Додгоҳи олӣ, додгоҳи ноҳияи Ленин ва Вазорати рушди рақамии Қирғизистон бомбгузорӣ шудаанд. Пулис дертар дар бораи бомбгузорӣ шудани Фурушгоҳи марказии шаҳр низ чунин паёмак дарёфт кард. Вале дар пайи санҷиш муайян шуд, ки паёмҳо дуруғ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG