Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақли зани муҳоҷире, ки 8 моҳ боз интизори ихроҷ аз Русия аст. ВИДЕО


Зани муҳоҷир илтиҷо дорад, ки дар ихроҷ аз Русия ба ӯ ёрӣ расонанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

Зани муҳоҷир илтиҷо дорад, ки дар ихроҷ аз Русия ба ӯ ёрӣ расонанд

Дар Челябински Русия як зани муҳоҷири узбекистонӣ 8 моҳ боз мунтазири ихроҷ ба ватан аст.

Ӯ барои вайрон кардани қоидаҳои сабти ном ҳамроҳи фарзанди 5-солааш дар боздоштгоҳи муваққатии муҳоҷирон нигаҳдорӣ мешавад. Ин зан аз шароити бади ин марказ шикоят намуда, хоҳиш дорад, ки барои бозгашташ ба ватан кумак намоянд.

Одинахон Рустамова исрор меварзад, ки ҳатто баъд аз ҳукми додгоҳ дар бораи ихроҷ, ӯ ва духтарашро ба ватан барнагардонданд. “Қарори додгоҳ аллакай баромадааст. Тибқи он мо бояд дар давоми 15 рӯз Русияро тарк кунем. Гуфтанд, боз кадом як ҳалномаи дигар лозим аст. Мурофиаи додгоҳӣ 13-уми октябр баргузор шуд. Вақт тамом шудааст. Дар ин ҷо ман бо ҳамроҳии духтари панҷ солаам ҳастам. Дар Узбекистон боз як духтари якунимсолаам маро интизор аст. Шавҳар надорам. Лутфан, кӯмак кунед,”—мегӯяд Отахон Рустамова.

Ин зан иддао мекунад, ки сафорати Узбекистон ба вазъи ӯ ҳеҷ расидагӣ намекунад ва ин боис шудааст, ки аз муҳоҷирон кумак хоҳад. Ӯ мегӯяд, “дар шароити бад ба сар мебарад ва барф борида, ҷои зисташ хунук аст.”

Дар ҳамин ҳол, консулгарии Узбекистон дар Екатеринбург мегӯяд, дар бораи қазияи Одинахон Рустамова хабар надоштанд.

Зебиниссо Хушбахтова, корманди консулгарии Узбекистон гуфт: “Агар шаҳрванд ба ин боздоштгоҳ афтидааст, пас маълум мешавад, ки ӯ қоидаҳои буду бош дар қаламрваи Русияро вайрон кардааст. Дар ин ҳолат мо ҳеҷ кумак карда наметавонем, зеро ҳаққи дахолатро надорем. Агар ӯ бо санадҳояш мушкил дошта бошад ва кормандони марказ ба мо он ҳуҷҷатҳоро бифиристанд, мо метавонем даст ба кор шавем.”

Консулгарӣ ваъда дод, ки сабаби таъхири ихроҷи шаҳрванди Узбекистонро аз боздоштгоҳи муваққатии муҳоҷирон аниқ хоҳад кард.

Зимнан ахиран маҳз дар ҳамин марказ мардони муҳоҷире, ки мунтазири ихроҷ буданд, гуфтанд, роҳбарияти муассиса кушиш мекард, ки онҳоро маҷбур кунад, то бо Вазорати мудофиаи Русия шартнома баста, ба ҷанг бираванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG