Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден мегӯяд, дар ҷанги Ғазза ниёз ба "таваққуфи башардӯстона" аст


Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, ки дар ҷанг байни Исроил ва "Ҳамос" бояд "таваққуфи башардӯстона" сурат бигирад, то кӯмакҳои инсонӣ ба ниёзмандон бирасад ва гаравгонҳову зиндониён раҳо шаванд.

Байден ин матлабро рӯзи чаҳоршанбе дар маросими ҷамъоварии пул барои маъракаи интихобтии раёсати ҷумҳурии соли 2024, замоне баён кард, ки як тан аз эътирозгарон суханронии ӯро қатъ кард ва хостори оташбас дар Ғазза шуд.

Байден дар посух гуфт, ки ба бовари ӯ ниёз аст, то дар ҷанги ҷорӣ байни Исроил ва "Ҳамос" як таваққуфи башардӯстона сурат бигирад ва ба гуфтаи ӯ, фурсате барои кӯмакрасонӣ ва озод кардани гаравгонҳо ва зиндониён фароҳам шавад.

Исроил ҳанӯз ба дархостҳо барои оташбас ё таваққуф дар ҷанг ба ҳадафи расонидани кӯмакҳо ба ғайринизомиёни фаластинӣ посухи мусбат надодааст.

Даргирӣ байни Исроил ва "Ҳамос" ҳафтуми октябр замоне оғоз шуд, ки гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" ба Исроил ҳамла кард ва беш аз 1400 исроилиро кушт ва беш аз 200 нафари дигарро гаравгон гирифта, бо худ бурд.

Аз он замон то кунун Исроил шаҳри Ғаззаро ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ, заминӣ ва баҳрӣ қарор додааст. Тибқи охирин гузоришҳо, то кунун 8805 фаластинӣ дар ин ҳамлаҳо кушта шудаанд, ки аксарияти онҳо кӯдакон ва занон мебошанд.

Шуморе аз кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар аз Исроил барои ҳадаф қарор додани ғайринизомиён интиқод карданд.

Бархе ҷонибҳо дар ҳоле бар ҳаққи Исроил барои дифоъ аз худ бар асоси қонунҳои байналмилалии таъкид мекунанд, аммо аз ҳамлаҳои ин кишвар ба урдугоҳҳо, бемористонҳо ва маконҳои таҷаммуи ғайринизомиён ба шиддат интиқод кардаанд.

Шуморе аз кишварҳои ҷаҳон дар пайи ҳамлаҳои Исроил ба ғайринизомиён робитаҳои дипломатии худро бо Телавив қатъ карданд ва бархе ҳам сафирони худро фаро хонданд.

Исроил гуфтааст, ки то аз байн бурдани гурӯҳи "Ҳамос" набардро идома медиҳад. "Ҳамос" ҳам гуфтааст, ки Ғаззаро ба "қабристон"-и сарбозони нерӯҳои исроилӣ табдил медиҳад. Низомиёни исроилӣ ҳоло барои як ҷанги густурдаи заминӣ дар Ғазза омодагӣ мегиранд.

Тайи рӯзҳои сешанбе ва чаҳоршанбе дар даргириҳои рӯбарӯ дар Ғазза беш аз 15 сарбози исроилӣ кушта шуданд. Мақомот дар Телавив гуфтаанд, ки имкон дорад ин ҷанг моҳҳо давом кунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG