Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Остона саммити сарони кишварҳои туркзабон доир мешавад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон рӯзҳои 2-3 ноябр саммити навбатии кишварҳои узви Созмони давлатҳои туркзабон доир мешавад.

Муродбек Азимбоқиев, як масъули дастгоҳи президенти Қирғизистон гуфт, Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон дар ин саммит иштирок мекунад.

"Мавзуи ин саммит TURKTIME (Traditions-анъана, Unification — иттиҳод, Reforms — ислоҳот, Knowledge — дониш, Trust — эътимод, Investments — сармоя ва Mutual Energy - энержии мутақобил аст", - гуфт Муродбек Азимбоқиев.

Дар доираи ин саммит имзои чанд санад дар назар аст.

Дар саммити мазкур роҳбарони Туркия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон иштирок мекунанд.

XS
SM
MD
LG