Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон барои сокинони Ғазза $1,5 млн ҷудо мекунад


Шавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев гуфтааст, тасмим дорад, барои кумак ба сокинони Навори Ғазза 1 миллиону 500 ҳазор доллар ҷудо кунад.

Хадамоти матбуоти президенти Узбекистон рӯзи 31-уми октябр дар ҷаласае бахшида ба тарҳҳои гидроэнергетикӣ изҳор доштааст, ки ин пулҳо ба Оҷонси Созмони Милал дар умури Ховари Миёна дода мешавад.

Мирзиёев афзуда, ки "Узбекистон ҳамбастагии худро бо мардуми Фаластин баён" ва "аз ҳуқуқи онҳо барои таъсиси давлати мустақил пуштибонӣ мекунад".

Ӯ ҳамзамон ба ҷавонони узбекистонӣ ҳушдор додааст, ки “ба таблиғоти гуногуни дурӯғ дода нашаванд ва ба амалҳои ғайриқонунӣ даст назананд”.

XS
SM
MD
LG