Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Макрон хостанд, дар Тошканду Остона ҳуқуқи инсонро баррасӣ кунад


Созмони Шарикии байналхалқӣ дар умури ҳуқуқи инсон аз президенти Фаронса Эммануэл Макрон даъват кард, ки дар сафараш ба Қазоқистону Узбекистон масъалаи ҳуқуқи инсонро баррасӣ кунад.

Созмон мегӯяд, масоили мазкур асосан аз беҷазо мондани онҳое, ки ҳуқуқи инсонро дар ҳодисаҳои январии соли 2022 дар Қазоқистон ва дар моҳи июли соли 2022 дар Қарақалпоқистони Узбекистон поймол карданд; таъқиби фаъолон, рӯзноманигорон, блогерон дар ин ду кишвар иборат аст.

Эммануэл Макрон, президенти Фаронса рӯзҳои 1 ва 2 ноябр ба Қазоқистону Узбекистон сафари расмӣ анҷом медиҳад.

"Фаронса омода аст, аз ин ду кишвар дар роҳи ислоҳот ва таҷдид, истиқлолу ягонагӣ ҳимоят кунад ва дар тақвияти муносибатҳои онҳо Аврупо кӯмак расонад", - хабар дода буд ҳукумати Фаронса.

Дар ҳукумати он кишвар ҳамчунин гуфтанд, ҳадафи Фаронса аз наздик шудан ба Қазоқистону Узбекистон "ҳамкорӣ дар бахши иқтисод, махсус бахши энержӣ, расонидани навъи муҳими маҳсулоти хом, инфрасохтори нақлиёт, тандурустӣ, истиқлоли ғизоӣ ва мудофиа" аст.

Бори охир президенти вақти Фаронса Франсуа Миттеран соли 1994 ба Узбекистон сафар карда буд.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев тирамоҳи соли 2022 ба Фаронса сафар карда буданд.

XS
SM
MD
LG