Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олии Қирғизистон хост, мандати вакилии Исмоилов бекор шавад


Фарҳод Исмоилов
Фарҳод Исмоилов

Додгоҳи олии Қирғизистон 30-юми октябр дар пайи баррасии шикояти Фарҳод Исмоилов ҳукми бекор кардани мандати вакилии ӯро бетағйир гузошт.

Пештар Додгоҳи шаҳрии Бишкек аз ин ҳукм ҷонибдорӣ карда, қарори Кумисюни марказии интихоботи Қирғизистонро дар бораи бекор кардани мандати вакилии Исмоилов қонунӣ донист.

КМИ рӯзи 6-юми июли имсол мандати вакилони порлумони Қирғизистон Фарҳодбек Олимҷонов ва Фарҳод Исмоиловро бекор кард.

Ин тасмимро баъди он гирифтанд, ки Вазорати маориф ва илми Қирғизистон гуфт, санадҳои ду вакил дар бораи таҳсилоти олӣ тақаллубиянд.

XS
SM
MD
LG