Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Толибон” аз Узбекистон “сабукӣ” хост  


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як ҳайати Узбекистон барои гуфтугӯ бо ҳукумати “Толибон” дар Афғонистон рӯзҳои 29-30-юми октябр ба шаҳри Кобул рафтааст. Ҳайатро муовини сарвазири Узбекистон Ҷамшед Хоҷаев раҳбарӣ дошт.

Ҳадафи сафарро мақомоти Афғонистон рушди тиҷорати дуҷониба, ҳалли масоили ҳамлу нақл ва таъсиси намоишгоҳи тиҷоратӣ дар Кобул номиданд.

Тарафҳо ҳамкориро дар бахши роҳи оҳан, нақлиёт, канданиҳо, мудирияти захираҳои об ва густариши имконоти таҳсил барои ҷавонони афғонистонӣ баррасӣ кардаанд.

Намояндаи Узбекистон Хоҷаев дар мулоқот ба сулҳу субот дар Афғонистон даъват кардааст.

Намояндагони ҳукумати “Толибон” арзиши гарони пардохтҳои гумрукиро дар сарҳад бо Узбекистон дар миён гузоштаанд. Ҳукумати “Толибон” аз ҷониби Узбекистон хостааст, ин пардохтҳоро кам кунад.

XS
SM
MD
LG