Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Исроил як гаравгонро дар Ғазза озод кард


Артиши Исроил хабар дод, ки дар ҷараёни амалиёти заминӣ дар Навори Ғазза як низомии исроилиро аз гаравгон озод кардааст. Ин низомӣ рӯзи 7-уми октябр аз сӯи “Ҳамос” асир гирифта шуда буд.

Ин нахустин мавриди озод кардани гаравгон дар ҷараёни ҷанг аст. Пештар “Ҳамос” чаҳор гаравгони мулкиро озод карда буд.

Артиши Исроил гуфт, Орӣ Мегидиш - гаравгони озодшуда худро хуб ҳис мекунад.

“Ҳамос” ахиран навореро бо се гаравгон нашр кард. Гаравгонҳо аз мақомоти Исроил даъват кардаанд, ки дар ивази раҳоии исроилиҳо ҳамаи зиндониёни фаластиниро озод кунанд. Маълум нест, навор кай, дар куҷо ва таҳти чӣ шароит сабт шудааст.

Дар ҷараёни ҳамлаи “Ҳамос” ба Исроил рӯзи 7-уми октябр наздик ба 1400 кас кушта шуд. Гаравгонҳоро, ки теъдодашон ба зиёда аз 200 нафар мерасад, ба Навори Ғазза бурдаанд.

Исроил дар посух ба ҳамлаи “Ҳамос” аз замину ҳаво ба Навори Ғазза ҳуҷум мекунад.

XS
SM
MD
LG