Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон дар садамае дар Қазоқистон


Дар натиҷаи бархӯрди ду мошин дар шоҳроҳи Самара-Чимкент се кас ҷон бохтааст. Онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон ҳастанд.

Ба иттилои пулиси Қазоқистон, ронандаи 34-солаи мошини "Kia Rio", шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба самти вилояти Оқтеппа ҳаракат мекард, 29-уми октябр аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба мошини "Chevrolet Captiva" таҳти идораи шаҳрванди 31-солаи Узбекистон бархӯрдааст.

Дар натиҷа ҳар ду ронанда ва як мусофир ба ҳалокат расидаанд. Ду мусофири дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Ному насаби ҷонбохтаҳо ва захмиён оварда нашудааст.

XS
SM
MD
LG