Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Месси бори ҳаштум барандаи ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ" шуд


Лионел Месси, ҳамлагари 36-солаи аргентинӣ, бори ҳаштум ҷоизаи нашрияи фаронсавии France Football «Беҳтарин футболбози ҷаҳон»-ро ба даст овард.

Маросими ҷоизасупорӣ шаби душанбеи 30-юми октябр дар пойтахти Фаронса - Порис, дар театри Шатле, доир гардид

Ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ 2023»-ро ба Лионел Месси собиқ футболбози машҳури инглис Дэвид Бекҳем супурд. Ин ҳаштумин «Тӯби тиллоӣ» дар корномаи Месси ба шумор меравад.

Лионел Месси узви дастаи мунтахаби Аргентина буда, қаблан дар бошгоҳи ПСЖ -и Фаронса ва феълан дар тими «Интер Майами»-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бозӣ мекунад.

Месси дар ҳайати мунтахаби Аргентина дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар бори аввал ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, беҳтарин бозигари ин мусобиқот гардид.

Пас аз Месси узви дастаи мунтахаби Норвегия ва бошгоҳи «Манчестер Сити» Эрлинг Ҳоланд дувумин бозигари беҳтарини ҷаҳон аз ҷониби France Football интихоб шуд.

Ҷойҳои севуму чаҳорумро дар раъйдиҳӣ мутаносибан Килиан Мбаппе (Фаронса, ПСЖ) ва Кевин де Брюйне (Белгия, «Манчестер Сити») ишғол карданд.

Бояд гуфт, Криштиану Роналдуи португолӣ дар 20 соли ахир бори аввал ба рӯйхати 30 нафар муддаиёни ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» дохил нашуд. Роналду, ки дар ҷараёни мавсими 2022/23 бошгоҳи «Манчестер Юнайтед»-ро тарк кард, феълан дар тими «Ал-Наср»-и Арабистони Саудб бозӣ мекунад.

Ба ғайр аз ҷоизаи «Беҳтарин футболбози сол, инчунин дар маросими ботантана ҷоизаҳои дигар, ба мисли «Беҳтарин футболбоззани сол», «Беҳтарин дарвозабон», «Беҳтарин бозигари ҷавон» ва ғайра ба соҳибонашон тақдим шуд..

Тӯби тиллоӣ 2023

  • 1. Лионел Месси (Аргентина, ПСЖ / «Интер Майами»)
  • 2. Эрлинг Ҳоланд (Норвегия, «Манчестер Сити»)
  • 3. Килиан Мбаппе (Фаронса, ПСЖ)
  • 4. Кевин де Брюйне (Белгия, «Манчестер Сити»)
  • 5. Родри (Испания, ”Манчестер Сити”)
  • 6. Винисиус Жуниор (Бразилия, “Реал”)
  • 7. Хулиан Алварес (Аргентина, «Манчестер Сити»)
  • 8. Виктор Осимхен (Нигерия, “Наполи”)
  • 9. Бернарду Силву (Португалия, «Манчестер Сити»)
  • 10. Лука Модрич (Хорватия, “Реал”)

Барандагони ҷоизаҳо

  • «Тӯби тиллоӣ» (мардон): Лионел Месси (Аргентина, ПСЖ / «Интер Майами»)
  • «Тӯби тиллоӣ» (занон): Айтана Бонмати (Испания, «Барселона»)
  • Копа Трофи (беҳтарин бозигари ҷавон): Ҷуд Беллингем (Англия, «Боруссия Д» / «Реал»)
  • Яшин Трофи (ҷоизаи беҳтарин дарвозабон): Эмилиано Мартинес (Аргентина, «Астон Вилла»)
  • Мюллер Трофи (беҳтарин ҳамлагар): Эрлинг Ҳоланд (Норвегия, «Манчестер Сити»)
  • Сократес Трофи (барои хайрия): Винисиус Жуниор (Бразилия, «Реал»)
  • Беҳтарин бошгоҳ (мардон): “Манчестер Сити» (Англия)
  • Беҳтарин бошгоҳ (занон): “Барселона» (Испания)
XS
SM
MD
LG