Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкорӣ дар қолаби “С5+1” ба Тоҷикистон чӣ медиҳад? ВИДЕО


Панҷ раҳбари Осиёи Марказӣ моҳи сентябр бо Ҷо Байден мулоқот карданд.
Панҷ раҳбари Осиёи Марказӣ моҳи сентябр бо Ҷо Байден мулоқот карданд.

Аксари кишварҳои абарқудрат дар қолаб ё формати "С5+1" бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ ба роҳ мондаанд.

Аз ҷумла, раҳбарони панҷ кишвар бо садри аъзами Олмон Олаф Шолтс ва Ҷо Байден, президенти ИМА дар моҳи сентябри имсол дар қолаби "С5+1" (Панҷ кишвар бар иловаи як) мулоқот карданд.

То сӣ соли пеш панҷ кишвари Осиёи Марказӣ шомили Иттиҳоди Шӯравӣ буданд ва пас аз он Русия талош кардааст, ки онҳоро дар зери нуфузи худ нигаҳ дорад.

Глеб Коваленко, муовини мудири иҷроияи филиали Донишгоҳи Ломоносови Маскав рӯзи 30-юми октябр дар Душанбе дар ҳамоиши дастовардҳо ва дурнамои формати “С5+1” барои Осиёи Марказӣ гуфт, Русия бо панҷ кишвари минтақа бархӯрди дуруст надорад.

“Ба андешаи ман Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври боэътимод муносибат намекунад, аз нуқтаи назари молиявӣ, иқтисодӣ, чаҳорчуби фарҳангӣ, чӣ хеле хоҳед, онро метавонед номбар кунед ва ин мушкили бузург аст,”—гуфт Коваленко.

Видеоро инҷо бинед:

Ҳамкории минтақавӣ дар қолаби "С5+1" ба Тоҷикистон чӣ медиҳад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:46 0:00

Ба қавли Коваленко, Русия зери таҳримҳо аз бозорҳои сармояи Ғарб бурида шудааст, вале ҳамзамон ба тарҳҳо дар Осиёи Марказӣ низ ба таври кофӣ сармоягузорӣ намекунад. Ин дар ҳолест, ки сармоягузорӣ ба ин кишварҳо маҳдуд буда, қарзҳои берунаи бархе аз онҳо хеле зиёд аст.

Дар чунин шароит давлатҳои Осиёи Марказӣ дар қолаби С5+1 бо 10 кишвару созмонҳои байналмилалӣ нишасту гуфтугӯ доранд.

Эркинхон Раҳматуллоев, сафири пешини Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо ва мушовири собиқи президенти Тоҷикистон дар умури байнулмилал бар ин назар аст, ки ҳамаи он кишвару созмонҳо дар минтақа манфиати худро доранд ва Тоҷикистон низ бояд талош кунад, ки манфиатҳои бештари худро бардорад. Ӯ гуфт: “Дар ин росто ҳамкориҳои пурсамари Осиёи Марказиро ҳангоми сар задани бемории ҳамагири “КОВИД-19” махсус бояд қайд кард. Бо вокуниши сареъ ва саривақтӣ Иттиҳод ба Осиёи Марказӣ барои мубориза ба ин офати муосир кӯмаки калонмиқёс ва ихтисоси расонид. Хосатан, Тоҷикистон ҷиҳати ҳаллу фасли масоили марбут бо ин беморӣ маблағи бузургтарин дар минтақа, 48 миллион евро, дарёфт кард, ки барои хариди таҷҳизоти тиббӣ ва заруриёти аввалия сарф шуд.”

Дар ҳамоиш ба ин суол посух дода нашуд, ки қолаби “С5+1” то куҷо ба рушди равобити дуҷониба кӯмак мекунад оё ин орзуи тарафҳои зери адади “як” аст, ки мехоҳанд, минтақаро сарҷамъ ва яксон бинанд.

Ширкатдорони ҳамоиш аз формати “С5+1” ба сурати умум ситоиш карданд.

Алим Шерзамонов, намояндаи мухолифин ҳамкориҳои кишварҳои абарқудрат бо Тоҷикистонро таъсиргузор намедонад.

“Ягона натиҷаи чашмрас ва эҳсосшаванда муносибатҳо байни Чин ва Тоҷикистон аст. Он ҳам бештар ҷанбаи дуҷониба дорад. Форматҳои боқимонаи С5+1 бо Амрико, Аврупо ва Русия бошад, барои Тоҷикистон ба ҷуз нишасте ба хотири нишасте чизи дигаре нестанд. Шояд Қазоқистон ва Узбекистон аз ин нишастҳо баҳрае бурда бошанд, чун соҳиби иқтисоданд. Гарчанд дар он ҷо ҳам муносибатҳои бевоситаи Ғарб назаррасанд,”—гуфт Шерзамонов.

Акрам Каримӣ, сафири Тоҷикистон дар шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ки маҷозан дар ҳамоши ширкат кард, гуфт, соли ҷорӣ раванди нави ҳамгироӣ миёни кишварҳои “Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷи Форс” низ роҳандозӣ шуд. Ӯ умедвор аст, ки Арабистони Саудӣ, ки бистумин иқтисоди ҷаҳон аст, метавонад ба ҷалби сармояи араб ба иқтисоди Тоҷикистон мусоидат кунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG