Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуруди 33 мошини ҳомили кумакҳои башардӯстона ба Ғазза


Ғаза
Ғаза

Бузургтарин корвони кумакҳои башардӯстона, ки аз 33 мошини боркаш иборат буд, рӯзи якшанбе вориди навори Ғазза шудааст.

Мошинҳо ба сокинони Фаластин, ки таҳти назорати гуруҳи "Ҳамос" қарор дорад, ғизо, об ва дору интиқол доданд.

Бино ба иттилои СММ, аз 21 октябр то ҳол тавассути гузаргоҳи Рафаҳи Миср ҷамъан 117 мошини боркаш ба Ғазза кумаки башардӯстона интиқол додааст.

Исроил ҳамлаҳои ҳавоиро ба Ғазза пас аз ҳуҷуми густурда ва ғофилгиронаи гурӯҳи фаластинии “Ҳамос” дар рӯзи 7-уми октябри имсол оғоз кард.

Ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Ғаззаи муҳосирашуда боис ба бӯҳрони башарӣ дар он ҷо шудааст.

XS
SM
MD
LG