Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷабҳа мегӯяд, 6 узви Толибонро дар Нуристон кушт


Вилояти Нуристон, Афғонистон.
Вилояти Нуристон, Афғонистон.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мегӯяд, шаш узви Толибонро дар як ҳамла дар Нуристон куштааст.

Ин гурӯҳи зидди Толибон рӯзи якшанбе бо нашри эъломияе дар шабакаи X (Твиттери пешин) гуфт, ки ҳамла дар ноҳияи Дуоб шаби шанбе ба якшанбе сурат гирифт. Тибқи ин эъломия, фармондеҳ Муҳиб, аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон низ дар ҷараёни даргирӣ кушта шудааст.

Ин эъломия мегӯяд, "як фармондеҳи маҳаллии Толибон бо понздаҳ тан аз афродаш ба сафи нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ пайвастанд".

Пеш аз ин мақомҳои Толибон аз кушта шудани як фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар ҷараёни даргириҳо дар Нуристон хабар дода буданд. Аммо онҳо ба талафоти худ ишорае накарданд.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд пас аз ба сари қудрат омадани Толибон дар 15 августи соли 2021, ташкил ёфт. Давоми ду соли гузашта миёни нерӯҳои ин гурӯҳ ва Толибон дар қисматҳое аз Афғонистон, аз ҷумла, Панҷшер, Бағлон, Бадахшон, Тахор, Кописо, Кунар ва Нуристон даргириҳои парокандае сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG