Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 33 кас дар садамаи кони ангишт дар Қазоқистон. ВИДЕО


Дар садамае дар кони ангишти ба номи Костенко дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон 33 кас ҷон бохтааст. Ҷустуҷӯйи сездаҳ нафари дигар идома дорад.

Ҳодиса шаби 27 ба 28-уми октябр рӯй дод. Замоне ки 252 нафар дар кон кор мекард.

"АрселорМиттал Темиртау", молики кони ангишт, гуфт, аксар коргаронро аз таҳи замин ба берун бароварданд ва 18 нафар ба гирифтани ёрии тиббӣ муроҷиат карданд.

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, 29-уми октябрро рӯзи мотами миллӣ эълон кард.

Вай дар маҳалли ҳодиса ба наздикони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ намуд ва аз намояндагони ҳукумат хост, ки ҳамкориро бо "АрселорМиттал Темиртау" бас кунанд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар понздаҳ соли охир дар иншооти вобаста ба "АрселорМиттал Темиртау" зиёда аз 120 кас ба ҳалокат расидаанд. Ҷонбохтагони ҳодисаи охир ба он шомил нестанд.

XS
SM
MD
LG