Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко аз Орбан хост, ки ба Беларус равад


Александр Лукашенко (рост) бо Петер Сийярто, вазири корҳои хориҷии Маҷористон
Александр Лукашенко (рост) бо Петер Сийярто, вазири корҳои хориҷии Маҷористон

Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Беларус, аз сарвазири Маҷористон (Венгрия) Виктор Орбан хостааст, ки ба Минск сафар кунад.

Беларус ба сабаби саркӯби мухолифон ва пуштибонӣ аз ҷанги бедалели Русия дар Украина дар инзиво мондааст.

Даъвати Лукашенко аз Орбан дар мулоқоти ӯ бо Петер Сийярто, вазири корҳои хориҷии Маҷористон, дар Минск садо дод.

Вай омодагии худро "ба муколама бо кишварҳои аврупоӣ" изҳор дошт ва сарвазири Маҷористонро барои баррасии "масъалаҳои ҷиддӣ” хонд.

Масъули хадамоти матбуоти Орбан гуфт, нахуствазир баъди бозгаштан аз нишасти Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел даъватро баррасӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG