Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои харобиовари Русия ба маркази шаҳри Херсон


Маҳалли ҳодиса
Маҳалли ҳодиса

Маъмурияти низомии Херсон гуфт, нерӯҳои Русия рӯзи 27-уми октябр ба маркази ин шаҳр дар ҷануби Украина ҳамла карданд.

Чанд нафар захмӣ шуда, беш аз 12 бинои истиқоматӣ зарар дидааст.

Роман Мрочко, сардори маъмурияти низомии Херсон, дар Telegram навишт, “яке аз захмиён барои муолиҷа ба бемористон бурда шуд”.

Вай чанд акси вайронаҳоро низ нашр кард.

Хадамоти давлатии ҳолатҳои фавқулодаи Украина гуфт, ба маркази Херсон шомгоҳон ҳамла шуд ва “тамоми шаҳр ларзид”.

Нерӯҳои Украина як сол пеш Херсонро қисман озод карданд. Ин минтақа пайваста ҳадафи ҳамлаҳои Русия аст.

XS
SM
MD
LG