Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Армита Гарованд пас аз тақрибан як моҳи беҳушӣ даргузашт


Армита Гарованд
Армита Гарованд

Расонаҳои наздик ба ҳукумати Эрон рӯзи 28-уми октябр эълом карданд, ки Армита Гарованд пас аз тақрибан як моҳи беҳушӣ даргузашт.

Расонаҳои наздик ба ҳукумати Эрон рӯзи 28-уми октябр эълом карданд, ки Армита Гарованд пас аз тақрибан як моҳи беҳушӣ даргузашт.

Ин духтари шонздаҳсоларо аз метрои “Шуҳадо”-и Теҳрон ба бемористон бурда буданд.

Хабаргузории давлатии ИРНА рӯзи шанбе навишт, ки ӯ бисту ҳашт рӯз дар шуъбаи эҳё буд. "Осеби мағзӣ боис шуд, ки муддате дар кома бимонад ва чанд дақиқа пеш даргузашт," – навишт манбаъ.

Оҷонсиҳои дигари наздик ба ҳукумат, аз қабили “Тасним” ва “Форс” низ ҳамон матнро бо шеваҳои худ пешниҳод кардаанд.

Армита Гарованд, зодаи Кирмоншоҳ ва сокини Теҳрон, баъди даромадан ба вагони метро аз ҳуш рафт. Навори дурбинҳои назоратӣ нишон медиҳанд, ки ӯ ҳиҷоби ҳатмии мавриди назари ҳукуматро ба сар надошт.

Тайи моҳҳои охир мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ дар метроҳои Теҳрон маъмурони “ҳиҷоббон”-ро ҷойгир кардаст.

Мақомоти Эрон иллати беҳушии ӯро поин рафтани фишор донистанд, аммо ҳомиёни ҳуқуқи башар эҳтимоли рух додани ҳодисаи монанд ба қазияи Маҳсо Аминиро сарфи назар намекунанд.

Маҳсо Аминӣ моҳи сентябри соли 2022 ба гумони бадҳиҷобӣ аз сӯи пулиси ахлоқ боздошт шуд ва дар бемористон фавтид.

Марги Аминӣ боис ба эътирозҳои густарда дар Эрон гардид. Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқ, дар ҷараёни ин эътирозҳо ва бархӯрд бо пулис бештар аз 500 кас кушта шуд.

Пештар Афви Байнулмилал аз мақомоти Эрон хоста буд, ба як ҳайати мустақил, аз ҷумла коршиносони Созмони Милал, иҷоза диҳанд, ки чӣ гуна бистарӣ шудани Армита Гаровандро таҳқиқ кунанд, вале Теҳрон напазируфт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG