Дар мусобиқаи “Шоми бокс” (IBA Champions Night”), ки 27-уми октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе доир гардид, аз панҷ варзишгари тоҷик чаҳор нафар рақибонашонро шикаст доданд.
Мусобиқаи мазкур бо дастгирии Ассотсиатсияи байнулмилалии бокс (IBA) сурат гирифт, ки аз даҳ қувваозмоӣ иборат буд.
Дар рақобатҳои инфиродӣ панҷнафарӣ аз Тоҷикистону Русия, чаҳор кас аз Узбекистон, инчунин якнафарӣ аз Арманистон, Замбия, Нидерланд, Тайланд, Тайпейи Чин ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ иштирок карданд.
Дар қувваозмоии асосии “Шоми бокс” дар Душанбе муштзани маъруфи тоҷик Баҳодур Усмонов, барандаи медали бириҷии мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки ба рақибаш аз Тайланд Сопатип Манап дар раунди севум бо нокаути техникӣ ё фаннӣ дастболо шуд, бори аввал соҳиби камарбанди “WBO World Youth” гардид. Зимнан Баҳодур дар бокси ҳирфаӣ ғалабаи ҳафтумашро ба даст овард ва то ҳоло мағлуб нашудааст.
Боз се муштзани тоҷик дар ин “Шоми бокс” ба рақибонашон ғалаба карданд. Акмал Убайдов ба Темур Қӯшоқови узбекистонӣ, Шаббос Неъматуллоев ба Карен Аветисяни русиягӣ ва Давлат Болтаев ба Муҳиддин Раҷаббоеви узбекистонӣ пирӯз шуданд.
Танҳо як муштзани тоҷик - Абубакр Муродзода - қувваозмоиро ба Давид Азизян аз Арманистон бохт.
Дар қувваозмоиҳои дигари “Шоми бокс” дар Душанбе Муслим Гаҷимагомедов (Русия) ба Фузи Акани (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ), Шаробуддин Атаев (Русия) ба Азизбек Абдуғафуров (Узбекистон), Шоҳаббос Шукуров (Русия) ба Ҷамшедбек Тоҷибоев (Узбекистон), Патрик Чинёмба (Замбия) ба Артур Нагапетян (Русия) ва Чин-вен Су (Тайпейи Чин) ба Челсей Ҳейҷнен (Нидерланд) пирӯзӣ ба даст оварданд.
Бояд гуфт, ки дар мусобиқаи мазкур президенти Ассотсиатсияи байнулмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв ҳузур дошт.
Ӯро як рӯз пеш аз ин мусобиқа, 26-уми октябр, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии бокс баррасӣ шуд.
Умар Кремлёв аз 12-уми декабри соли 2020 ба ҳайси президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) кор мекунад.
Ӯ 1-уми ноябри соли 1982 дар оилаи Назар Сафаров ва Олга Кремлёва ба дунё омадааст. Падараш зодаи Ҳисор буда, дар деҳаи Гулхонаи ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ дар дараи Алмосӣ ба дунё омадааст.
Кремлёв имсол дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз бо хоҳиши падараш ба Ҳисор омада буд ва ваъда дод, ки дараи Алмосиро обод намуда, роҳро таъмиру навсозӣ мекунад, ҳамчунин маҷмааи бузурги савдо сохта, мактаби бокс мекушояд.
Ҳамчунин таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи байнулмилалии бокс имрӯз, 28-уми октябр, дар Душанбе Дави бокс доир гардид, ки миёни кӯдакону наврасон дар масофаи 500 метр, байни бузургсолон – 6 км ва миёни варзишгарони касбӣ ба масофаи 10 км сурат гирифт.
Ба иштироккунандагони дав, ки натиҷаҳои беҳтарин нишон доданд, тӯҳфаҳои арзишманди Ассотсиатсияи байнулмилалии бокс супурда шуд.