Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломати баландпояи Чин ба Амрико рафтааст


Энтони Блинкен ва Ван И
Энтони Блинкен ва Ван И

Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин, 26-уми октябр бо сафари серӯза ба Амрико рафт ва дар ин муддат бо мақомоти баландпояи Иёлоти Муттаҳида мулоқот хоҳад кард.

Ӯ то кунун бо котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен дидору мулоқот дошт.

Ба гузориши “Ассошиэйтед Пресс”, сафари Ван И метавонад барои ба эътидол овардани равобити Амрикову Чин мусоидат кунад.

Сафари дипломати баландпояи Чин ба Амрико дар ҳолест, ки эҳтимол президент Ҷо Байден дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором (APEC) бо раиси ҷумҳурии Чин Си Ҷинпин гап занад.

Нишаст дар Сан-Франсиско ва аз 11 то 17-уми ноябр баргузор хоҳад шуд. Мулоқоти ду раҳбар ҳанӯз ба таври расмӣ тасдиқ нашудааст.

XS
SM
MD
LG