Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рубли Русия дар баробари доллар каме "ҷон" гирифт


Арзиши рубли Русия дар баробари доллар рӯзи 27-уми октябр андаке боло рафт.

Арзиши рубли Русия дар баробари доллар рӯзи 27-уми октябр андаке боло рафт.

Азбаски муҳоҷирони зиёди тоҷик дар Русия кор мекунанд, болову поинравии нархи рубл ҳамеша як хабари муҳим барои онҳост.

Рӯзи ҷумъа як доллари амрикоӣ ба тақрибан 94 рубл иваз мешуд. Дар ним соли гузашта арзиши як доллар аз сад рубл ҳам болотар буд.

Яке аз сабабҳои “ҷон” гирифтани рубли русӣ дар баробари доллар қарори нави президенти Русия Владимир Путин аст, ки ба ширкатҳо амр дод, пули нақди хориҷиро барои тақвияти захираҳои арзиву молӣ дар дохили кишвар бифурӯшанд.

Интизор меравад, ин қарор то ҳадде устувории рублро таъмин мекунад.

Бонки Миллии Тоҷикистон 27-уми октябр баҳои ҳазор рублро 117 сомониву 10 дирам таъйин кард.

XS
SM
MD
LG