Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти номзади пешин ба мақоми президенти Қирғизистон


Мақомоти амниятии Қирғизистон рӯзи 27-уми октябр хабар доданд, ки молики ширкати сохтмонии "КЖ групп" Имомиддин Ташовро дастгир кардаанд. Ӯ дар интихоботи президентии соли 2021 дар Қирғизистон яке аз номзадҳо буд ва 1,19 дарсад раъй гирифта буд.

Ба иттилои мақомот, шаҳрдории Бишкеки Қирғизистон соли 2009 ба ин ширкат барои бунёди боғчаи кӯдакон қитъаи замин дода буд.

"Аммо ширкати мазкур бо ҳимояти ниҳодҳои дигари давлатӣ забон як карда, дар қитъаи замин ба ҷои боғча барои 280 кӯдак, хона сохтааст," -- хабар медиҳанд мақомоти амниятии Қирғизистон.

Дар натиҷа дар қитъаи замин ду манзили баландошёна бино ва "сокинони Бишкек аз кӯдакистон маҳрум шудаанд".

"Ба ин тартиб, ба давлат 52 миллион сом зиён расонида шудааст, ки то ҳол онро ҷуброн накардаанд", - хабар додааст Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.

XS
SM
MD
LG