Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон шомили рейтинги волоияти қонун нашуд


Тоҷикистон шомили рейтинги волоияти қонун нашуд.

Тоҷикистон шомили рейтинги волоияти қонун нашуд.

Ин рейтингро созмони байнулмилалии World Justice Project тартиб медиҳад.

Аз кишварҳои пешини Шӯравӣ ба ин рейтинг Туркманистон, Арманистон ва Озарбойҷон низ дохил нашудаанд.

Қазоқистон яке аз мақомҳои болотарин (65)-ро соҳиб шуда, Узбекистон дар мақоми 78, Қирғизистон дар мақоми 103, Беларус дар мақоми 104 ва Русия дар мақоми 113 ҷой гирифтаанд.

Ба даҳгонаи аввал Дания, Норвегия, Финландия, Шветсия, Олмон, Люксембург, Ҳолланд, Зеландияи Нав, Эстония ва Ирландия шомил шудаанд. Мақомҳои охиринро Афғонистон (104), Камбоҷа (141) ва Венесуэла (142) ишғол кардаанд.

Ин рейтингро World Justice Project бар асоси пурсиши шаҳрвандон, ҳуқуқшиносон ва коршиносони соҳаи ҳуқуқ анҷом медиҳад.

Ин рейтинг пешравиҳои кишварҳоро аз ҷиҳати таъмини муҳити ҳуқуқӣ баҳогузорӣ мекунад.

Рейтинг аз ҳашт нишондод иборат аст: маҳдуд кардани салоҳиятҳои ниҳодҳои давлатӣ, нобудии фасод, боз будани давлат, тартиботи ҳуқуқӣ ва амният, ҳифзи ҳуқуқи бунёдӣ, иҷрои муқаррарот ва адолати додгоҳӣ.

XS
SM
MD
LG