Вазири дифои Амрико дар баёнияе эълон кард, ки "ҳамлаҳо дақиқ анҷом шуд. Иқдоме низомӣ ва посух ба як ришта ҳамлаҳои давомдор ва асосан номуваффақи гурӯҳҳои ниманизомии зери ҳимояти Эрон алайҳи амрикоиҳо дар Ироқ ва Сурия, ки аз 17-уми октябр оғоз шуд".
Ллойд Остин афзуд, ин ҳамлаҳо бо дастури Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико анҷом шуд, то мушаххас кунад, ки Иёлоти Муттаҳида ҳамларо ба нерӯҳо ва пойгоҳҳои худ таҳаммул намекунад ва аз манфиатҳои худ дифоъ хоҳад кард.
Вазири дифои Амрико дар идома гуфтааст, ин амалиёт ҷудо аз ҷанги Исроил алайҳи "Ҳамос" аст.
Вай таъкид кард, ки Амрико дар пайи даргирии густурдатар нест, аммо агар гурӯҳҳои мавриди пуштибонии Эрон ба ҳамлаҳои худ идома диҳанд, Иёлоти Муттаҳида барои муҳофизат аз нерӯҳои худ, ҳамлаҳои бештар анҷом хоҳад дод.
Мақомоти Эрон ва Сурия то кунун дар робита ба ин ҳамлаҳои ҳавоии Амрико вокуниш нишон надодаанд. Ҳанӯз маълум нест, ки оё ин ҳамлаҳо талафоти ҷонӣ дар пай доштаанд ё не.
Аз замони ҳамлаи "Ҳамос" ба Исроил дар рӯзи 7-уми октябр ва оғози ҳамлаҳои Исроил алайҳи гурӯҳҳои фаластинӣ дар Ғазза, то кунун нерӯҳои амрикоӣ, ки дар Сурия ва Ироқ ҷойгир ҳастанд, борҳо ҳадафи ҳамлаҳои паҳподӣ ва мушакии гурӯҳҳои ниманизомӣ қарор гирифтаанд.
Рӯзномаи "Вашингтон пост" аввали ин ҳафта ба нақл аз мақомҳои Амрико гузориш дод, ки аз оғози ҷанг миёни "Ҳамос" ва Исроил дар Ғазза, камаш 24 сарбози амрикоӣ дар Ироқ ва Сурия маҷрӯҳ шудаанд.
Рӯзи душанбе як гурӯҳи ниманизомии ироқӣ бо номи "Муқовимати исломӣ дар Ироқ" бо нашри баёнияе ҳамларо ба ду пойгоҳи амрикоӣ дар Сурия ба дӯш гирифт.
Ҷо Байден рӯзи гузашта ҳушдор дод, ки агар Эрон ё гурӯҳҳои мавриди ҳимояти он ба ҳамлаҳояшон алайҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Ховари Миёни идома диҳанд, Вашингтон вокуниш нишон хоҳад дод.
Сухангӯйи Вазорати дифои Амрико рӯзи панҷшанбе гуфт, дар ду ҳафтаи ахир нерӯҳои амрикоӣ ва эътилофи байналмилалӣ дар Ироқ дастикам 12 бор дар Ироқ ва 4 бор дар Сурия мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.
Гуфтугӯ