Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон додани кортҳои бонкӣ ба русиягиҳоро маҳдуд мекунад


Бонки миллии Қазоқистон мехоҳад, ба русиягиҳое, ки иҷозати иқомати доимӣ ё муваққатро дар ин кишвар надоранд, фармоиши кортҳои бонкиро ба таври фосилавӣ манъ кунад.

Дар ин бора дар қароре гуфта шуда, ки дар сомонаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Қазоқистон нашр гаштааст.

Низомҳои пардохтии "Visa" ва "MasterCard" баъди оғози ҳамла ба Украина Русияро тарк карданд. Кортҳои бонкии Русия дар хориҷ аз кор монданд ва кортҳои хориҷӣ ҳам дар дохили Русия дигар кор намекунанд.

Ягона корти фаъоли бонкӣ дар Русия "Мир" буд. Дертар баъзе аз кишварҳо бо шумули Узбекистон, Қирғизистон ва Туркия низ аз қабули он худдорӣ карданд.

Русиягиҳо баъди рафтани низомҳои "Visa" ва "MasterCard" гирифтани корт аз бонкҳои кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Қазоқистонро оғоз карданд.

XS
SM
MD
LG