Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти "Равшан" аз "Абдиш-Ота"-и Қирғизистон


Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар бозии севумаш дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар Минтақаи марказӣ дар гурӯҳи «Е» аз бошгоҳи «Абдиш-Ота»-и Қирғизистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

Бозии даври севуми мусобиқот дар гурӯҳи «Е» миёни футболбозони тоҷику қирғиз шоми панҷшанбеи 26-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардид.

Дар нимаи аввали дидор бозигарони ҳарду даста лаҳзаҳои хуби голзаниро истифода карда натавонистанд ва бидуни гол ба танаффус баромаданд.

Ҳисоби бозӣ дар ибтидои нимаи дувум кушода шуд. Тӯбро аз ҷаримагоҳ, аз масофаи наздик, легионери африқоии “Абдиш-Ота” аз Гана Эммануэл Яғр бо зарбаи сар ба дарвозаи “Равшан” ворид кард.

Бояд гуфт, ки дар ин бозӣ дарвозабонҳои ҳарду даста маҳорати баланд нишон доданд. Марсел Исломқулов, дарвозабони “Абдиш-Ота”, ба мизбонон имкон надод, ки муваффақ шаванд. Дарвозабони “Равшан” Евгений Гритсенко, легионери укроинӣ, ҳам чадин бор дастаашро аз гол эмин дошт.

Ислом Аҳмадов, сармураббии “Абдиш-Ота”, аз пирӯзии дастааш дар сафар ва гирифтани се имтиёз хеле хурсанд шуд.

Аммо Тоҳирҷон Муъминов, сармураббии «Равшан», аз бохти дастааш дар ин бозӣ маъюс гашт, зеро ноиби қаҳрамони Тоҷикистон дар майдони худ аз се имтиёз, ки барояш бисёр ҳам зарур буд, маҳрум шуд.

Бозии дигари даври севуми мусобиқот дар гурӯҳи «Е» миёни ду дастаи Туркманистон - «Марв» ва «Алтин-Асир» - шаби 26-уми октябр дар шаҳри Ашхобод бо ҳисоби 2:1 ба нафъи “Алтин Асир” ба поён расид.

Ҳарсе гол дар нимаи дувуми бозӣ зада шуд. Камол Аннамуҳаммадов, бозигари “Марв”, дар дақиқаи 60-ум ҳисобро боз кард. Раҳмон Муродбердиев аз дастаи “Алтин Асир” дар дақиқаи 84-ум ҳисобро баробар намуд. Голи ҳалкунандаро Салим Нурмуродов, бозигари “Алтин Асир”, дар замони изофа (90+4) ба самар расонид.

“Равшан” аввалин бозиашро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар Минтақаи марказӣ дар гурӯҳи «Е» бо «Марв»-и Туркманистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳисоби 0:0 ва бозии дувумашро дар меҳмонӣ бо «Алтин Асир»-и Туркманистон бо ҳисоби 1:1 ба поён расонда буд.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Абдиш-Ота” бо 7 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шудааст. “Алтин Асир” бо 4 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. “Марв” ва “Равшан” бо дуимтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои севуму чаҳорум қарор доранд.

Бозиҳои даври чаҳоруми мусобиқот дар гурӯҳи “Е” рӯзи панҷшанбеи 9-уми ноябр миёни дастаҳои «Абдиш-Ота» – «Равшан» ва «Алтин Асир» – «Марв» баргузор мешаванд.

Бар асоси дастури мусобиқот аз гурӯҳи “Е” танҳо як даста ба даври баъдӣ роҳ меёбад.

Ҷоми AFC-2023/24

Минтақаи марказӣ

Гурӯҳи «Е»

«Равшан» (Тоҷикистон)

«Алтин Асир» (Туркманистон)

«Абдиш-Ота» (Қирғизистон)

«Марв» (Туркманистон)

Даври 1-ум

«Равшан» (Тоҷикистон) «Марв» (Туркманистон) – 0:0

21-уми сентябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ.

«Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон) – 3:0

21-уми сентябр. Бишкек, Варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов.

Даври 2-юм

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Равшан» (Тоҷикистон) – 1:1

Голҳо: Эммануэл Мваненго, 17 (0:1), Муродбердиев, 53 (1:1)

5-уми октябр. Ашхобод, варзишгоҳи «Ашхобод».

«Марв» (Туркманистон) – «Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – 1:1

5-уми октябр. Ашхобод, варзишгоҳи «Ашхобод».

Даври 3-юм

«Равшан» (Тоҷикистон) «Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – 0:1

Гол: Эммануэл Яғр, 51 (0:1)

«Равшан» (Тоҷикистон): Евгений Гритсенко,, Раҳматшо Раҳматзода, Самуэл Офори, Холмурод Назаров, Муҳаммадҷон Насков, Бахтовари Хуршед (Комилҷон Ҳотамов, 87), Масрур Қиёмиддинов, Айдан Окран, Ҷозеф Акомади (Амирҷон Сафаров, 46)., Эммануэл Мваненго (Абдуфаттоҳ Худойдодзода, 74)бдиш-Ота», Муҳаммадшарифи Саидхоҷа.

26-уми октябр. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ.

«Марв» (Туркманистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон) – 1:2

Голҳо: Камол Аннамуҳаммадов, 60 (1:0). Раҳмон Муродбердиев, 84 (1:1), Салим Нурмуродов, 90+4 (1:2).

26-уми октябр. Ашхобод, варзишгоҳи «Ашхобод».

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «Е»:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Абдиш-Ота» (Қирғизистон)

3

2

1

0

5-1

7

2.

«Алтин Асир» (Туркманистон)

3

1

1

1

3-5

4

2.

«Марв» (Туркманистон)

3

0

2

1

2-3

2

4

«Равшан» (Тоҷикистон)

3

0

2

1

1-2

2

Даври 4-ум

9-уми ноябр (панҷшанбе)

17:00 «Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – «Равшан» (Тоҷикистон)

19:00 «Алтин Асир» (Туркманистон) – «Марв» (Туркманистон)

XS
SM
MD
LG