Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду тоҷики шаҳрванди Русия аз комиссариати ҳарбӣ “гурехтаанд”


Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳамзамон шиносномаи Русияро доштанд, аз як нуқтаи ҷамъоварии сарбозон дар шаҳри Маскав фирор кардаанд.

Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳамзамон шиносномаи Русияро доштанд, аз як нуқтаи ҷамъоварии сарбозон дар шаҳри Маскав фирор кардаанд.

Хабаргузории давлатии ТАСС рӯзи 26-уми октябр навишт, ки ба зидди онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуд, вале ному насабашонро наовард.

Баъзе аз расонаҳои Русия аз онҳо Муҳаммаднабӣ С. ва Мақсуд А. ном бурданд. Яке 19 ва дигаре 18 сол дошта, дар солҳои 2019 ва 2022 шаҳрвандии Русияро соҳиб шудаанд.

Расонаҳои Русия мегӯянд, онҳо барои хидмат дар артиш даъват шуда, вале 22-юми октябр аз нуқтаи ҷамъоварии сарбозон гурехтанд. Ба онҳо то ду сол зиндон таҳдид мекунад.

Садҳо муҳоҷир аз Тоҷикистон барои раҳоӣ аз пардохти пули патенту халосӣ аз таъқиби пулис талош кардаанд, шиносномаи Русияро соҳиб шаванд.

Баъд аз оғози таҷовузи Русия ба хоки Украина мехоҳанд, онҳоро ба ҷанг фиристанд.

Танҳо дар 6 моҳи аввали имсол тахминан 87 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русия гирифтааст, ки дар муқоиса бо ин давраи соли гузашта ҳудуди 13 ҳазор нафар бештар аст.

XS
SM
MD
LG