Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии Чин дар парабозиҳои чаҳоруми осиёӣ


Дар Парабозиҳои 4-уми осиёӣ, ки дар шаҳри Ҳангжоуи Чин ҷараён дорад, беш аз 3000 варзишгари маълул аз 44 кишвар то рӯзи 28-уми октябр рақобат хоҳанд кард.

Дар Парабозиҳои 4-уми осиёӣ, ки дар шаҳри Ҳангжоуи Чин ҷараён дорад, беш аз 3000 варзишгари маълул аз 44 кишвар то рӯзи 28-уми октябр рақобат хоҳанд кард.

Ба барномаи бозиҳо 22 намуди варзиш ворид шудааст. Варзишгарон барои 566 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд.

Дар Парабозиҳои 4-уми осиёӣ Тоҷикистонро 9 варзишгар аз рӯи 7 намуди варзиш намояндагӣ мекунад: Бахтиёр Донаёров, Фарзона Ғуломова (ҳар ду дар риштаи пауэрлифтинг ё сеҳарбаи қудратӣ), Шоҳрух Назаров (ҷудо), Шабнам Меканбоева (пара бадминтон), Екатерина Ишенко (тенниси рӯи миз), Ҳамроқул Эркабоев, Суҳроб Ҳамдамов (ҳар ду - шоҳмот), Муҳаммадмаҳмуд Раҳматов (варзиши сабук), Сиёвуш Илёсов (велосипедронӣ).

Дар ҳамин ҳол варзишгарони 31 кишвар медали бозиҳоро ба даст оварда, аз он ҷумла намояндагони 21 кишвар нишони тилло гирифтаанд.

Мунтахаби Чин бо касби 328 медал (131 тилло, 106 нуқра ва 91 биринҷӣ) ҷои аввалро соҳиб шудааст. Мунтахаби Эрон бо касби 79 медал (26 тилло, 32 нуқра ва 21 биринҷӣ) ҷойи дувум ва мунтахаби Ҷопон бо касби 78 медал (22 тилло, 25 нуқра ва 31 биринҷӣ) ҷойи севумро гирифтаанд.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин Тайланд (20-14-32), Узбекистон (18-18-22), Ҳиндустон (16-20-32), Кореяи Ҷанубӣ (16-18-19), Индонезия (10-11-17), Малайзия (7-11-12) ва Қазоқистон (5-11-17) дохил шудаанд.

Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин Қирғизистон бо касби 4 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар ҷои 19-ум қарор дорад. Вале Тоҷикистону Туркманистон то ҳоло медал нагирифтаанд.

Ёдовар мешавем, дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ, ки аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр дар Ҳангжоу Чин баргузор шуд, варзишгарони 45 кишвар ширкат варзида, аз рӯи 40 намуд барои 481 маҷмуи медалҳо мубориза бурданд.

Дар ин бозиҳо 106 варзишгари тоҷик дар 18 ришта ҳунарнамоӣ кард. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо бо касби 7 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар ҷойи 24-ум ва аз ҷиҳати теъдоди умумии медалҳо дар ҷойи 25-ум қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG