Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия як шаҳрванди боздоштшудаи Қирғизистонро ба Душанбе надод


Қирғизистон иҷоза надодааст, ки як шаҳрванди боздоштшудааш дар Русия ба мақомоти Тоҷикистон супорида шавад.

Дар ин бора рӯзи 25-уми октябр Омбудсмен ё ҳақиқатчии Қирғизистон хабар дод.

Ба иттилои ӯ, ҷониби Тоҷикистон И.А-.ро даҳ сол пеш таҳти пайгарди байнулмилалӣ дода буд, "вале бо кӯшиши Омбудсмен ва Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон Русия ӯро аз боздошт раҳо кард".

Ба хабари Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон, И.А. соли 2013 аз Тоҷикистон ба Қирғизистон кӯчида, шаҳрвандӣ гирифтааст.

Ӯ қирғизтабор ва аз ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, солҳои 2010-2013 дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба ҳайси афсари қарордодӣ кор кардааст.

Ба гузориши расонаҳои қирғизӣ, мақомоти Тоҷикистон ӯро барои фирор аз қисми низомӣ муттаҳам медонанд.

Вокуниши Душанбе ба хабар дастрас нест.

XS
SM
MD
LG