Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Равшан" бо "Абдиш-Ота"-и Қирғизистон бозӣ мекунад


Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бозии севумашро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар Минтақаи марказӣ дар гурӯҳи «Е» бо тими «Абдиш-Ота»-и Қирғизистон баргузор мекунад.

Бозии даври севуми мусобиқот дар гурӯҳи «Е» миёни футболбозони тоҷику қирғиз шоми панҷшанбеи 26-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир мегардад.

Дастаи «Равшан» бо раҳбарии сармураббӣ Тоҳирҷон Муъминов аввалин бозиашро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар Минтақаи марказӣ дар гурӯҳи «Е» бо «Марв»-и Туркманистон дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҳисор бо ҳисоби 0:0 ва бозии дувумашро дар меҳмонӣ бо «Алтин Асир»-и Туркманистон бо ҳисоби 1:1 ба поён расонда буд.

Бозии дигари даври севуми мусобиқот дар гурӯҳи «Е» 26-уми октябр миёни ду дастаи Туркманистон - «Марв» ва «Алтин-Асир» - баргузор мешавад.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Абдиш-Ота” бо чаҳор имтиёз мақоми аввалро соҳиб шудааст. “Равшан” ва “Марв” бо дуимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд. “Алтин Асир” бо як имтиёз дар зинаи чаҳорум мебошад.

Ҷоми AFC-2023/24

Минтақаи марказӣ

Гурӯҳи «Е»

«Равшан» (Тоҷикистон)

«Алтин Асир» (Туркманистон)

«Абдиш-Ота» (Қирғизистон)

«Марв» (Туркманистон)

Даври 1-ум

«Равшан» (Тоҷикистон) – «Марв» (Туркманистон) – 0:0

21-уми сентябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 6750 тамошогар.

«Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон) – 3:0

Даври 2-юм

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Равшан» (Тоҷикистон) – 1:1

Голҳо: Эммануэл Мваненго, 17 (0:1), Муродбердиев, 53 (1:1)

«Равшан» (Тоҷикистон): Евгений Гритсенко, Холмурод Назаров (сарвони даста), Самуэл Офори, Муҳаммадҷон Насков (Бахтовари Хуршед, 87), Раҳматшо Раҳматзода, Айдан Окран, Масрур Қиёмиддинов, Ҷозеф Акомади, Шаҳриёри Иноятулло, Эммануэл Мваненго (Акобир Тӯраев, 90+4), Амирҷон Сафаров (Тоҳир Малодӯстов, 69).

5-уми октябр. Ашхобод, варзишгоҳи «Ашхобод», 16 000 тамошогар.

«Марв» (Туркманистон) – «Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – 1:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «Е»:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Абдиш-Ота» (Қирғизистон)

2

1

1

0

4-1

4

2.

«Равшан» (Тоҷикистон)

2

0

2

0

1-1

2

2.

«Марв» (Туркманистон)

2

0

2

0

1-1

2

4

«Алтин Асир» (Туркманистон)

2

0

1

1

1-4

1

Даври 3-юм

26-уми октябр (панҷшанбе)

«Равшан» (Тоҷикистон) – «Абдиш-Ота» (Қирғизистон)

«Марв» (Туркманистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

Даври 4-ум

9-уми ноябр (панҷшанбе)

«Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – «Равшан» (Тоҷикистон)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Марв» (Туркманистон)

Даври 5-ум

30-юми ноябр (панҷшанбе)

«Марв» (Туркманистон) – «Равшан» (Тоҷикистон)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Абдиш-Ота» (Қирғизистон)

Даври 6-ум

14-уми декабр (панҷшанбе)

«Равшан» (Тоҷикистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

«Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – «Марв» (Туркманистон)

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG