Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" бозиро дар Теҳрон ба "Персеполис" бохт


Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе.
Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар даври севуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар гурӯҳи “Е” аз тими «Персеполис»-и Теҳрон бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.

Бозӣ миёни қаҳрамонҳои футболи Эрону Тоҷикистон шаби сешанбеи 24-уми октябр дар варзишгоҳи "Озодӣ"-и Теҳрон бо ҳузури беш аз 36 ҳазор тамошогар баргузор шуд.

Дар ибтидои нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 7-ум, “Истиқлол” имконияти садфоизаи голзаниро аз даст дод. Тӯбро аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ легионер Сенин Себай ба нишон расонда натавонист. Тӯбро дарвозабони “Персеполис” Алиризо Беронванд баргардонд.

Саид Содиқӣ, ҳамлагари мизбонон, дар охири нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 44-ум, аз назди хатти ҷаримагоҳ, аз масофаи тахминан 17 метр, бо зарбаи сахту ногаҳонӣ ҳисобро кушод. Тӯб ба бозигари “Истиқлол” расида, вориди дарвоза шуд.

Голи дувуми эрониҳоро низ Саид Содиқӣ дар дақиқаи 71-ум аз дохили ҷаримагоҳ, аз масофаи наздик, ба ҳадаф расонд. Зимнан, голи дувумро сардовари бозӣ Муҳаммад Қосим Исо Сарой аз Ироқ танҳо баъди тамошои ҳолати баҳсбарангез тавассути видео (VAR) ҳисоб кард.

Бозигарони “Персеполис” бо раҳбарии сармураббӣ Яҳёи Гулмуҳаммадӣ бозии хуберо анҷом доданд ва тавонистанд, ки рафти бозиро идора карда, се имтиёз бигиранд ва мухлисонашонро шод гардонанд.

Бояд гуфт, ки дар ҳайати “Персеполис” ҳимоятгари дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, легионер Ваҳдат Ҳанонов аз ибтидо то анҷоми дидор хуб ҳунарнамоӣ кард.

Дастаи “Истиқлол” бошад, таҳти раҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко бозии бисёр душворро анҷом дод. Ҳарчанд бозигарони “Истиқлол” талош карданд, лаҳзаҳои хуби голзанӣ доштанд, вале муваффақ нашуданд ва аз се имтиёз бенасиб монданд.

Дар бозии дигари даври севуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи “Е” шаби 24-уми октябр «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ дар майдони худ «Ал-Дуҳайл»-и Қатарро бо ҳисоби 4:3 мағлуб кард, аз ҷумла ду голи “Ал-Наср”-ро Криштиану Роналду ба самар расонид.

Ба ин тартиб. баъди натиҷагирии бозиҳои даври севуми мусобиқот дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Ал-Наср” бо 9 имтиёз дар мақоми аввал аст. “Персеполис” бо 6 имтиёз дар зинаи дувум қарор дорад.

“Ал-Дуҳайл” ва “Истиқлол” якимтиёзӣ ба даст овардаанд.

Бозии даври чаҳоруми мусобиқот миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Персеполис” 7-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 19:00 шуруъ мешавад.

Бозии дигари даври чаҳоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи “Е” 7-уми ноябр дар шаҳри Давҳаи Қатар байни дастаҳои «Ал-Дуҳайл» ва «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ соати 23:00 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастаи нишондодҳояшон хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо дар ҳар як минтақа, дар маҷмуъ 16 даста, ба 1/8 финал роҳ пайдо мекунанд.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «Е»

Даври 1-ум

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Дуҳайл» (Қатар) – 0:0

19-уми сентябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

«Персеполис» (Эрон) – «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 0:2

Голҳо: Даниал Исмоилифар, 62 – ба дарвозаи худ (0:1). Муҳаммад Қосим Ал-Нахлӣ, 72 (0:2).

19-уми сентябр. Теҳрон, Варзишгоҳи “Озодӣ”.

Даври 2-юм

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 3:1

Голҳо: Сенин Себаи, 44 (0:1), Криштиану Роналду, 66 (1:1), Андерсон Талиска, 72 (2:1), Андерсон Талиска, 77 (3:1).

2-юми октябр. Риёз, варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк».

«Ал-Дуҳайл» (Қатар) – «Персеполис» (Эрон) – 0:1

Гол: Умед Алишоҳ, 63 (0:1).

2-юми октябр. Давҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифа.

Даври 3-юм

«Персеполис» (Эрон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 2:0

Голҳо: Саид Содиқӣ, 44 (1:0), Саид Содиқӣ, 71 (2:0).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Содиқҷон Қурбонов, Иван Новоселетс, Артур Карташян, Ромиш Ҷалилов Табрез Исломов, Денис Беганович, Эхсони Панҷшанбе (Жозеф Окоро ,46), Алишер Ҷалилов (сарвони даста), Ҳамадонӣ Камолов, Сенин Себаи (Шервонӣ Мабатшоев, 72).

24-уми октябр. Теҳрон, варзишгоҳи «Озодӣ», 36 450 тамошогар.

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) - «Ал-Дуҳайл» (Қатар) – 4:3

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «Е»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

3

2

0

0

9-4

9

2

«Персеполис» (Эрон)

3

2

0

1

3-2

6

3

«Ал-Дуҳайл» (Қатар)

3

0

1

2

3-5

1

4

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

3

0

1

2

1-5

1

Даври 4-ум

7-уми ноябр (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 19:00 ба вақти Душанбе

«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Персеполис» (Эрон)

Оғози бозӣ – соати 23:00 ба вақти Душанбе

«Ал-Дуҳайл» (Қатар) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG