Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маҷрӯҳ шудани 24 сарбози амрикоӣ" дар Ховари Миёна. Ҳушдори Блинкен ба Теҳрон


Пойгоҳи "Айн-ул-Асад" дар ғарби Ироқ.
Пойгоҳи "Айн-ул-Асад" дар ғарби Ироқ.

Рӯзномаи "Вашингтон пост" ба нақл аз мақомҳои ИМА гузориш дод, ки аз оғози ҷанг миёни "Ҳамос" ва Исроил дар Ғазза, дастикам 24 нафар аз сарбозони амрикоӣ дар ҷараёни ҳамлаҳо ба пойгоҳҳои Амрико дар Ироқ ва Сурия маҷрӯҳ шудаанд.

Ҳукумати Байден дар рӯзҳои гузашта бо вуҷуди инки борҳо гуфт, бо оғози ҷанги Исроил ва "Ҳамос", сарбозони амрикоӣ дар Ховари Миёна бештар аз гузашта бо хатар рӯбарӯ ҳастанд, аммо то кунун ҷузъиёте дар ин бора фош накардааст.

"Вашингтон пост" бидуни ишора ба манбаи хабарии худ навиштааст, ки яке аз муҳимтарин ҳамлаҳо ба нерӯҳои амрикоӣ, рӯзи чаҳоршанбеи гузашта рух дод, ки дар ҷараёни он пойгоҳи "Ат-Танф" воқеъ дар ҷануби Сурия ҳадафи чандин ҳамлаи дрон ё паҳбодҳо қарор гирифт ва бист нафар аз сарбозони амрикоӣ ҷароҳатҳои сабук бардоштанд.

Ба гуфтаи ин манбаи огоҳ, ҳамон рӯз чандин ҳамлаи паҳбодӣ алайҳи нерӯҳои амрикоӣ ба пойгоҳи "Айн-ул-Асад" дар ғарби Ироқ низ анҷом шуд, ки дастикам чаҳор нафар осеби сабук диданд ва ба хизмат баргаштанд.

Амрико гурӯҳҳои мавриди ҳимояти Эронро муттаҳам кард, ки нияти доман задан ба танишҳоро доранд. Вазири корҳои хориҷии Амрико рӯзи сешанбе дар нишасти Шӯрои Амнияти СММ дар бораи ҷанги Исроил ва Ҳамос гуфт, "ИМА ба дунболи даргирӣ бо Эрон нест. Мо намехоҳем, ки ин ҷанг густариш ёбад. Аммо агар Эрон ва гурӯҳҳои мавриди ҳимояташ дар ҳар ҷое ба сарбозони амрикоӣ ҳамла кунанд, иштибоҳ накунед, мо аз мардуми худ дифоъ мекунем, мо аз амнияти худ сареъ ва қотеъ дифоъ хоҳем кард".

Блинкен дар идомаи суҳбатҳои худ аз ҳама кишварҳои узви СММ хост, "паёми маҳкам ва муттаҳид ба ҳар бозигари давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки дар назар дорад ҷабҳаи дигареро дар ин даргирӣ алайҳи Исроил боз кунад ё мумкин аст шарикони Исроил, аз ҷумла Амрикоро ҳадаф қарор диҳад, ирсол кунанд".

Намояндаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид баъдан ба Шӯрои Амнияти СММ гуфт, ки оқои Блинкен талош кард Эронро барои муноқишаи Исроил ва Ҳамос гунаҳкор кунад ва афзуд, ки Теҳрон ин "иддаои бепоя"-ро қотеъона рад мекунад.

Рӯзи душанбе як гурӯҳи ниманизомии ироқӣ бо номи "Муқовимати исломӣ дар Ироқ" бо нашри баёнияе ҳамлаи паҳбодӣ ба ду пойгоҳи амрикоӣ дар Сурияро ба ӯҳда гирифт.

Ҳусайн Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии Эрон низ ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки дар сурати идомаи ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза, "ҳар эҳтимоле мумкин аст рух диҳад".

Вазорати дифои Амрико дастури фиристодани системаи зиддимушакӣ ва зиддиҳавоии бештар ба Ховари Миёнаро содир кардааст. Амрико ҳамчунин чанд рӯз пас аз оғози даргирӣ дар Ғазза, ду киштии ҳавопаймобарро барои муқобила бо вокуниши эҳтимолии гурӯҳҳои мавриди ҳимояти Эрон дар шарқи Баҳри Миёназамин ҷобаҷо кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG