Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як узбекистонӣ дар Ҷопон ба гумони дастдарозӣ


Дар шаҳри Токиои Ҷопон марди 28-солаи узбекистониро ба гумони дастдарозӣ ба хонандаи мактаб дар дохили автобус боздошт кардаанд.

Дар шаҳри Токиои Ҷопон марди 28-солаи узбекистониро ба гумони дастдарозӣ ба хонандаи мактаб дар дохили автобус боздошт кардаанд.

Ба навиштаи расонаҳои ҷопонӣ, ин ҳодиса моҳи сентябри имсол рух дода, мард давоми ним соат бадани хонандаи мактабро дар дохили автобус ламс кардааст.

Мард гуфтааст, хонандаи мактаб "ба амалҳои вай зиддият нишон надод".

"Ман фикр кардам, ки вай зид нест, зеро муқобилат нишон надод", - афзудааст ӯ.

Маъмурони пулис марди узбекистониро ба гумони содир кардани рафтори ношоиста ҳабс кардаанд.

XS
SM
MD
LG