Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаллифони як саҳифаро дар YouTube таҳти пайгард қарор доданд


Мақомоти Қазоқистон Айдос ва Наталя Содиқовҳо, муаллифони саҳифаи "Бәсе"-ро дар YouTube таҳти пайгард қарор додаанд. 

Онҳо дар Украина зиндагӣ мекунанд, вале дар Қазоқистон аз 23-юми октябр ба "барангехтани адовати миллӣ, нажодӣ ва мазҳабӣ" гумонбар ҳастанд.

Айдос Содиқов дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, парвандаи ӯ ва ҳамсараш ангезаи сиёсӣ дорад, чун зану шавҳар тариқи Ютюб аз сиёсатҳои ҳукумати Қазоқистон танқид мекунанд.

Вай афзуд, сарфи назар аз парванда ба корашон дар Ютюб идома хоҳанд дод.

Содиқовҳо соли 2014 аз Қазоқистон ба Украина кӯчида, расман паноҳандагӣ гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG